Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Кумаки навбатии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди махсуси КОВИД-19 ва маводҳои муҳофизатӣ ба табибон.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал аз ҳисоби маблағҳои махсус 50 ҳазор сомонӣ ва дар марҳилаи дуюм аз ҳисоби чанд рӯза музди маоши кормандони худ, 30 ҳазор сомонӣ, ки ҷамъ 80 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ба фонди КОВИД-19, ки барои ба табобат фаро гирифтану муолиҷа намудани сироятёфтагони ин вирус равона гардидааст, кумак намуд. Ҳамчунин ёдовар мешавем,ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тиббии Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе,  150 дона халати тиббӣ, ниқоби  муҳофизаткунанда 2000 дона, дасткашҳои муҳофизатӣ 1000 дона ва  100 литр собуни моеъ барои пешгирӣ ва сироят наёфтани табибон,  кумаки хайриявӣ намуд. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин иқдоми худро дар пайравӣ ба ташаббуси хайрхохонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 роҳандозӣ намудааст. Зикр кардан ба мавридаст, ки 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.