Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Кумитаи бехатарии озӯқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

hizbidemokrati

    Санаи 6-уми феврали соли 2023 бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оиди гузаронидани суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022, коллективи меҳнатии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор карда шуд.

    Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ашурова Дилрабо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва дигар намояндагони Ҳизб ҳузур доштанд.

   Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бехатарии озуқаворӣ”-и Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои мустақил, бахшҳо ва дигар кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

   Вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло баромад карда, дар мавриди гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ҷиҳати пешбурди самаранокии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла дар самти фаъолияти бахши кишоварзии мамлакат, бори дигар ёдрас намуданд.

   Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро фарогир буда, андешаҳо масъалагузориҳои ин шахсияти бузурги таърихи миллат моро водор месозад, ки дар оянда аз тамоми имкониятҳои фарогиру мавҷуда бобати таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолию якпорчагии мамлакат зери шиори ваҳдату якдилӣ содиқона ба давлату миллат хизмат намоем.

   Ҳар яки мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки баҳри боз ҳам пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошем, иброз намуданд раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Файзуллозода М.У.