Кумитаи бехатарии озуқаворӣ-зодаи даврони Истиқлолият
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушди кишвар ҳадафҳои стратегии худро интихоб намуд, ки яке аз он расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он дар мамлакат мебошад.
Бо ин мақсад, чиҳати таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти сифатан баланд ва бехатари озуқаворӣ дар доираи барномаҳои махсус таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона гардида, аз оғози соҳибистиқлолӣ то инҷониб даҳо барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шуданд. Амалишавии барномаҳои соҳавӣ бошанд, имкон доданд то заминаҳои рушд дар кишвар таъмин карда шавад.
Дар ин раванд бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №595 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Аз давраи аввали таъсисёбӣ Кумитаи мазкур фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ”; “Дар бораи карантин ва муҳофизати растанӣ” “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ, стандарту талаботи Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Конвенсияи байналмилалии карантин ва ҳифзи растаниҳо, Кодекси Алиментариус ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда, вазифаҳои махсуси назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари соҳаҳои байторӣ, зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмиро ба уҳда дорад.
Дар доираи иҷрои вазифаҳое, ки дар назди Кумита, махсусан вобаста ба иҷрои, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023», вогузор шудааст, аз тарафи раёсатҳо ва сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дорад, ки дар раванди мусоидат дар таъмини вазъи эпизоотию эпидемиологӣ дар кишвар амалӣ карда мешавад. Дар барнома рушди соҳа, сохтмони инфрасохтор, харидорӣ ва таъмини таҷҳизот, омӯзишҳо, таъмиру тармими биною иншоотҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Дар тули солҳои фаъолият Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар доираи ҳамкорӣ якчанд созишнома ва протоколҳои байнидавлатиро ба имзо расонид, аз ҷумла: -Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣбо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 8 августи соли 2018; -Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 августи соли 2018;-Протокол оид баталаботи фитосанитарӣҳангоми содироти лимӯ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 12 июни соли 2019;- Протокол оид ба риояи талаботи фитосанитарӣҳангоми воридоти меваю сабзавот бо Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2020.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиятҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуда, тавассути мақомотҳои ҳудудии бехатарии озуқаворӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, раёсатҳои Кумита дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, 65 марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 22 марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 65 озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ба дастовардҳои хубу назарас ноил гардидааст.
Инчунин, дар гузаргоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ 37 нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ барои назорати раванди воридот, содирот ва транзити маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият дошта, бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудан ва сарфаи вақти соҳибкорон дар 8 гузаргоҳҳои сарҳадӣ озмоишгоҳҳои аввалияи наздисарҳадӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Аз солҳои аввали ташкилёбӣ Кумита ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок, воридшавии маҳсулоти озуқавории пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон зараровар ва риояи талаботи мақомоти бехатарии озуқаворӣ бо роҳи сафарбаркунии мутахассисони ботаҷриба аккредитатсияи 37 корхонаҳои истеҳсолии мамлакатҳои хориҷиро, ки аз онҳо ба ҷумҳурӣ борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта ворид мегарданд, гузаронидааст.
То ин давра зиёда аз 200 нафар мутахассисони Кумита бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикону рушд барои баланд бардоштани савияи дониши касбии худ дар тренингу семинарҳо дар хориҷи кишвар иштирок варзида, инчунин зиёда аз 400 нафар ба курсҳои бозомӯзии Маркази таълимии Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд. Инчунин, ҳамасола аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ доир ба мавзӯъҳои: -таъмини бехатарии озуқаворӣ; -чораҳои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растаниҳо;-риояи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинару конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Дар ин давра дар доираи лоиҳаҳои соҳавии ташкилотҳои байналмилалӣ ва Шарикони рушд бо маблағи умумии зиёда аз 1,5 миллион доллари ИМА ба мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ асбобу анҷоми корӣ, аз қабили компютер, мизу курсӣ, мебел, диагностикум, таҷҳизот ва дигар лавозимотҳои озмоишӣ тақдим карда шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби мутахассисони Кумита бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар байни ҳайвонот ва парандаҳо чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шуда, дар манбаъҳои носолим чорабиниҳои солимгардонӣ татбиқ карда мешаванд. Инчунин мутахассисони Кумита барои мутобиқ будани иншоотҳои таҳти назоратӣ:-анборхонаҳо,-сардхонаҳо,-сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ,-дӯконҳои гӯштфурӯшӣ,-нуқтаҳои забҳи чорворо таҳти назорат ва санҷиш қарор дода, аз аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолӣ мегузаронад.
Ҳамасола барои харидории маводҳои пешгирикунанда ва ташхису табобатӣ дар доираи то 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар доираи то 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ҷудо гардида, ба ин маблағ маводҳои лозимаи доруворӣ харидорӣ ва ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуда, чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дар байни ҳайвоноти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба соҳибкорони ватанӣ барои воридот, содирот ва транзити борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ қарор дошта пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ тавассути низоми иттилоотии “Равзанаи ягонаи барасмиятидарории амалиётҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ” иҷозат дода мешавад. Инчунин дар самти назорати маводҳои байторӣ, фаъолияти хусусӣ ва фармасевтикаи байторӣ ба соҳибкорони ватанӣ иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои мутобиқат дода мешавад.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ чораҳоро оид ба ташкил намудани Марказҳои логистикӣ молрасонӣ ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин содирот намудани меваҳои тару тоза, сабзавот, меваи хушк, полезиҳо, ситрусиҳо, амалӣ намуда, баҳри бе монеаҳои маъмурӣ, ҳуҷҷатгузории молу маҳсулоти содиротшаванда корҳои заруриро роҳандозӣ намуда, оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва зиёд намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, чораҷӯӣ намуда истодааст.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол буда, аз рӯзҳои таъсисёбӣ баҳри муҳайё кардани шароити хуби корӣ барои кормандони мақомот корҳои бунёдкорию созандагиро сармашқи кори худ кардааст. Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи мазкур як қатор тадбирҳои ободониву созандагиро роҳандозӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои махсус соли 2019 дар ноҳияҳи Рашт ва соли 2020 дар шаҳри Кӯлоб марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавориро сохта ба истифода додааст. Дар соли 2021 бошад дар ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ, дар шаҳри Турсунзода бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” ва маблағҳои махсуси Кумита бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, дар ноҳияҳои Темурмалику Зафаробод марказҳои таъмини бехатарии озуқавориро сохта дар арафаи ҷашни бошукӯҳи миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияҳои Шамсидини Шоҳин ва Роштқалъа бошад дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бояд қайд кард, ки дар ин давра барои сохтмон ва азнавсозии иншоот ва биноҳои маъмурии мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита зиёда аз 28 миллион сомонӣ масраф гардидааст, ки ин албатта барои беҳтар намудани шароити кории кормандон мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ тибқи супориши Раиси Кумита гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеъ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Инчунин маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, зараррасонҳои растанӣ, бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тариқи матбуот ва садою симо ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад.
Тавре зикр намудем, амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ҷиҳати амалигардонии он дар баробари дигар вазорату идораҳо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ низ масъул мебошад. Аз ин рӯ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми босазо мегузорад.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон