Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ
Субҳи 27 майи соли 2023 дар Боғи "Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар ҳудуди шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории машқҳои пагоҳирузии варзишӣ, ин пеш аз ҳама таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва бо ин васила дурусту максаднок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ ба ҳисоб меравад.