КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Дастгоҳи марказии Кумита
1. Муовини сардори Раёсат сардори шуъбаи назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2585,15 сомонӣ.
2. Сармутахассиси шуъбаи назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286,50 сомонӣ.
4. Сармутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00 сомонӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
6. Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00 сомонӣ.
7. Мутахассиси бахши умумӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт
8. Сармутахассис ҳуқуқшиноси Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар ш. Душанбе ва ШНТҶ
9. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Суғд
10. Сармутахассис ҳуқуқшиноси Раёсати Кумита 1 ҷой, маоши мансабӣ 1502,30 сомонӣ.
11. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон
12. Сармутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши манмабӣ 1502,30 сомонӣ.
13. Сармутахассиси шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1502,30 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ.
15. Мутахассиси шуъбаи назоати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти ВМКБ
16. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 Ҷой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансаб барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;
тарҷумаи ҳол;
нусхаи шиноснома;
нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
нусхаи билети ҳарбӣ;
маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ (СИН);
маълумотнома (справкаобъективка) хаттӣ ва электронӣ.
маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ;
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038у);
Талаботи тахассуси
барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ
Таҳсилоти олии байторӣ, агрономӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарии ба ишғоли мансаби холӣ мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури хизмати давлатиро таъмин карда тавонад, донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва тавонистани кор бо технологияҳои иттилоотӣ.
ба мансаби муовини сардори Раёсат сардори шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис шахсоне, ки мутаносибан 6, 4 ва 2 сол собиқаи умумии корӣ ва ё 5, 3 ва 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд, инчунин дорои донишу малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор бо тобеон мебошанд, метавонанд довталабӣ намоянд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣ дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 2–23-16-51 Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо