Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дастгоҳи марказии Кумита

Шуъбаи назорати байторӣ Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ

1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1069,50 сомонӣ.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

Дастгоҳи марказӣ

1. Сардори Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2492,40 сомонӣ.

Шуъба дар вилояти Хатлон

1. Сардори Шуъба 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1593,40 сомонӣ.

Шуъба дар вилояти Суғд

1. Сардори Шуъба 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1593,40 сомонӣ.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд

1.  Сармутахассис-сармуҳосиб1 ҷой, маоши мансабӣ – 1248,90 сомонӣ.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилоятиХатлон

Бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ

1. Сармутахассис 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1248,90 сомонӣ.

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ВМКБ

Бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ

1. Мудири бахш1 ҷой, маоши мансабӣ – 1418,40 сомонӣ.

Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);

варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;

тарҷумаи ҳол;

нусхаи шиноснома;

нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;

нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);

маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);

нусхаи билети ҳарбӣ;

маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;

СИН суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ;

маълумотнома (справкаобъективка) хаттӣ ва электронӣ.

маълумотномаи надоштани доғи судӣ;

маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Таҳсилоти олии байторӣ, агрономӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва хурокворӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносии ба ишғоли мансаби холӣ мувофиқ, донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва тавонистани кор бо технологияҳои иттилоотӣ.

Ба мансаби сардори шуъба, сармутахассис ва мутахассиси пешбар шахсоне, ки мутаносибан 5, 3 ва 1 сол собиқаи умумии корӣ ва ё 4, 2 ва 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд, инчунин дорои донишу малакаи идоракунӣ ва банақшагирии кор бо тобеон мебошанд, метавонанд довталабӣ намоянд.

     

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣ дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 қабул карда мешаванд.

Телефон барои тамос: 2–27-97-29 Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр