КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУАҚВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи марказии Кумита
1. Мутахассиси Шуъбаи назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1069,50 сомонӣ.
2. Сармутахассиси Шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1311,00 сомонӣ.
3. Мутахассиси Шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1069,50 сомонӣ.
4. Мутахассиси бахши умумӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1069,50 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Суғд
5. Сармутахассис-ҳуқуқштнос 1 ҷой, маоши мансабӣ 1248,90 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1021,20 сомонӣ.
7. Мудири бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1376,40 сомонӣ.
8. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тахмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон
9. Сармутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1248,90 сомонӣ.
10. Сардори шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1674 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1021,20 сомонӣ.
12. Мутахассиси шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар ВМКБ
13. Мутахассиси пешбари бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1063,20 сомонӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;
тарҷумаи ҳол;
нусхаи шиноснома;
нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
нусхаи билети ҳарбӣ;
маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
СИН суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ;
маълумотнома (справкаобъективка) хаттӣ ва электронӣ.
маълумотномаи надоштани доғи судӣ;
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038у);
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ
Таҳсилоти олии байторӣ, агрономӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва хурокворӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносии ба ишғоли мансаби холӣ мувофиқ, донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва тавонистани кор бо технологияҳои иттилоотӣ.
Ба мансаби сардори шуъба, бахш, сармутахассис ва мутахассиси пешбар шахсоне, ки мутаносибан 5, 4, 3 ва 1 сол собиқаи умумии корӣ ва ё 4, 3, 2 ва 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд, инчунин дорои донишу малакаи идоракунӣ ва банақшагирии кор бо тобеон мебошанд, метавонанд довталабӣ намоянд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣ дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 2–23-16-51 Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр