Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Маҷлиси ҳисоботӣ– интихоботии ташкилоти ибтидоии «Бехатарии озуқаворӣ» баргӯзор гардид.

majlisihizb

   Дар кори он Ҳомидзода Насимҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳ.Х.Д.Т дар шаҳри Душанбе  Ҷурахонзода Ҷурахон   муовини раиси кумитаи  иҷроияи  Ҳ.Х.Д.Т. дар ноҳия И.Сомонӣ  ищтирок намудаанд.

 Тибқи рӯзнома нахуст ҳисоботи  ташкилоти  ибтидои «Бехатарии озуқаворӣ»  аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид.  Қайд карда шуд,ки ташкилоти ибтидои  «Бехатарии озуқаворӣ»  дар давраи ҳисоботи  фаъолияти назаррас нишон дода  то имрӯз  беш аз  бист дарсҳои сиёсӣ оид ба амали гардонии дастуру супоришчхои  Пешвои – миллат ва ҳадафҳои созандаи  Ҳ.Х.Д.Т. доир намудааст, инчунин вобаста ба дастовардҳои 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии     

  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва игтироки фаъолонаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсиву Фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

  Баъди шунидани ҳисоботи Раиси ташкилоти ҳизбӣ  Кумита, тасдиқи нақшаи  кории ташктлоти ибтидои ҳизб дар Кумита барои  нимсолаи дуюми соли 2022 дасдиқ карда шуд.         

 Вобаста  ба муҳокимаи маъалаи сеюми рӯзнома  аъзоёни ҳизб оид ба интихоби раис дар ташкилоти ибтидоии «Бехатарии озуқаворӣ» суханрони намуданд ва бо назардошти фаъолияти пур маҳсули сиёсиву ташкилӣ  ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ  бо ҷонибдории ҳамаи аъзоёни ҳизб  муҳтарам  Файзуллозода М.У ба ҳайси расиси ташкилоти ибтдоии «Бехатарии озуқаворӣ» интихоб гардиданд.

  Оиди масалаи чоруми рӯзнома интихоби вакилон ба Конфиренсаи ҳисоботи интихоботии ташкилотҳои Ҳ.Х.Д.Т. дар ноҳияи И.Сомонӣ ба пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзоёни ҳизб номзадии  Раҳмонализода Б , ва Туманова Г барои итирок дар Конфиренсия пешбари гардид.Дар охири ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони Кумита, ки  сафи Ҳ.Х.Д.Т. аъзо шуда билети ҳизби дода шуд.

vokhurihizb