Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест ?

  26 ноябри соли 2022 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи таҳлилии муҳақиқ Абдуллои Раҳнамо ба аҳли кормандон тариқи видео хонда шуд.Муаллифи ин нигоштаи муҳими сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо дар мавриди баҳси марзии Ҷумҳурии Тоҷикстон бо Ҷумҳурии Қирғизистон бо факту далелҳои расми исбот намудааст,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ғосибгар набуда балки ҳамсоя кишвари мо бо чунин амалҳои ғаразноки худ ва эътироф накардани ҳақиқат ҳалли мушкили масоили марзиро ба дарозо мекашад.Боис ба ёдоварист,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баъди истиқлолияти давлати ба даст овардан дар масоили ҳали мушкилоти марзи беш аз бист маротиба гуфтушунидҳои муштарак анҷом доданд.Новобоста аз Протоколҳои байни ду кишвар Ҷумҳурии Қирғизистон  то ҳол ягон банди онро иҷро накардааст.

 Ҷумҳурии  Тоқикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат,сиёсати дарҳои бозро дар самти сиёсати хориҷии худ амали месозад.Мо ҳамеша тарафдори муносибати ҳасанаи байни ҳамсоя кишварҳоямон буда барои рафи ҳама мушкилоти мавҷуда талошҳои тахирнопазир меандешем.