Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Мулоқоти муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ.

DSC 2457

 Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷиҳати аз хориҷ  ворид намудани маҳсулоти бехатари озуқаворӣ ба кишвар ва ба роҳ мондани риояи тартиби дурӯсти ҳуҷҷатнигории онҳо, мулоқоти  муовини раиси Кумита бо соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид.

      Зикр карда шуд, ки имрӯз саҳми соҳибкорон дар доираи дастгириҳоли Ҳукумати кишвар  махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувори мамлакат,  хело зиёдаст. Бо ин мақсад,  дар ин нишаст аз тарафи мутахассисони Кумитаи бехатрии озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба соҳибкороне, ки ба ворид ва ё содирот намудани  маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷумла гушт, шир, орд, меваю сабзавот ва дигар намуди маҳсулоти бехтари озуқаворӣ машғуланд, тартибӣ ҳуҷҷатгузорӣ ва ба расмиятдарории онҳо  дар асоси қонунҳои амалкунанда фаҳмонида шуд.

      Такид карда шуд, ки  солими ҷомеа аз ғизои солими озуқаворие, ки шаҳрвандон онро истеъмол мекунанд, иборатаст. Аз ин рӯ аз соҳибкорони ватанӣ талаб карда мешавад, ки  маҳсулоти бехатари озуқавориро бо тартибӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз хориҷ ба кишвар ворид намоянд. Зеро ояндаи худу пайвандон ва ҷомеаро дар хатар нагузоранд.