Мулоқоти навбатии муовини раиси Кумита бо намояндаи ҳамкории Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санаи 15.04 соли 2020, мулоқоти муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Ҳабибулло бо намояндаи ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон хонум Зарина Ҳикматова оид ба тақвиятбахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ махсусан пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории СOVID-19 баргузоргардид.
Дар рафти мулоқот муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Ҳ.Қ. аз кӯмаки навбатии намояндагии Ҳамкории Олмон дар Тоҷикистсон аз маводҳои пешгирикунандаи бемории СOVID-19 ба кормандони Кумита, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, амалӣ ва татбиқи лоиаҳои соҳавӣ ва дар заминаи он афзоиш додани ёриҳои техникӣ ва доир ба татбиқёбии «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023»-ро мавриди баррасӣ қарордоданд.