Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Мулоқоти навбатии раиси Кумита бо намояндаи Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

olmon Санаи 27.04 соли 2020, мулоқоти навбатии раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода М.У, бо Сафири Украина дар  Тоҷикистон муҳтарам Василий Николаевич Серватюк  оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ,  пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҳайвон ба инсон гузаранда, махсусан бемории зукоми паранда  баргузор гардид.

      Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода М.У, изҳор намуд, ки  шароити кунунии ҷаҳони муосир талаб менамояд, ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ махсусан зукоми паранда ва бештар намудани  ёриҳои дуҷониба дар ин самт бо мақсади ташкили марказҳои озмоишӣ ҷиҳати муайян намудани бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, тавсеа бахшида шаванд,  беҳтараст.

       Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, амалӣ ва татбиқи лоиаҳои соҳавиро дар заминаи  татбиқёбии «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар кишвар барои солҳои 2019-2023»-ро бо мақсади таъмини амнияти озӯкаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст мавриди  баррасӣ қарор доданд.