Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири байналмилалии ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Мутаҳид.

Санаи  4 феврали соли 2020, мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид бо мушовири байналмилалии Ташкилоти  озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Мутаҳид  Абдубоқӣ Меҳрубон доир ба идомаи тадбиқи лоиҳаи «Тақвият додани иқтидор ва тавоноӣ дар Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ дар коркарди сиёсат» баргузор гардид.

     Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи мулоқот тавсеи ҳамкориҳои дуҷониба, афзоиш додани ёриҳои техникӣ, ба роҳ мондани курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии  мутахассисон дар самти истифодабарии таҷҳизотҳои муосири озмоишӣ  ва тадбиқёбии  «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

    Дар охир ёдовари карда шуд, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ  ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар зери сиёсати аграрии Роҳбари олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар доираи барномаҳои давлатӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд мехоҳад таъмини бехатарии озуқавориро дар кишвар амалӣ созад. 

milokot