Мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири тиҷоратию иқтисодӣ ва Аташеии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой
Санаи 27 феврали соли 2020, мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид бо Мушовири тиҷоратию иқтисодӣ ва Аташеи Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Сун Йен ва Да Ю Дзия доир ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, амалӣ ва тадбиқи лоиаҳои соҳавӣ ва дар заминаи он афзоиш додани ёриҳои техникӣ ва доир ба тадбиқёбии «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд, ки дар ворид намудани маҳсулотҳои озуқаворӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуд маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Он соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ворид намудани ҷой ва тухми зироатҳои кишоварзӣ ба Кумита муроҷиат намуда буданд, муроҷиати онҳо сари вақт баррасӣ гардида, барояшон иҷозат дода шуд. Дар дигар ҳолатҳо яне барои аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани дигар маҳсулоти хурокворӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ аз ҷониби соҳибкорон то кунун ба унвони Кумита муроҷиат карда нашудааст.
Дар охир ёдоварӣ карда шуд, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар зери сиёсати аграрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар доираи барномаҳои давлатӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ба мо дӯсту бародар ва шарикони рушд мехоҳад таъмини бехатарии озуқавориро дар кишвар амалӣ созад.