Мушовараи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Рӯзи 6 июли соли 2022 дар маҷлисгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовараи Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.Дар кори он Раиси Кумита бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода М.У, корманди Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёри Зуҳурӣ, муовинони Раиси Кумита, сардорони Раёсатҳо ва Шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, Сардори Раёсати Кумита дар В.М.К.Б, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва Н.Т.Ҷ., Сардори Раёсати Кумита дар сарҳади давлати ва нақлиёт ва Сардорони марказҳои таъминоти Кумита дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳури иштирок доштанд. Ҷаласаро раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло кушода регламенти ҷаласаро муайян намуд. Муовини аввали Раиси Кумита муҳтарам, Ширинҷонзода М, фаъолияти кори шашмоҳаи Кумитаро таҳлилу барраси намуда аз пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта гузориш дод. Баъдан, сардорони Раёсатҳои Кумита, сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ ва сардорони Раёсатҳои Кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон, сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва НТҶ барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз роҳбарияти Кумита дастуру супоришҳо гирифтанд. Дар рафти ҷаласа муколамаи судманд баҳри беҳтар намудани фаъолияти кории Кумита табоддули назар карда шуд. Корманди Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Зуҳурӣ, ки дар ҷаласа ҳузур дошт баромад намуда вазифа ва дурнамои фаъолияти кори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёби намуд. Дар интиҳои ҷаласа барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххаси роҳбарияти Кумита дода шуд.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа