Мусоҳибаи сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оиди ба роҳ мондан ва рушд додани занбуруғпарварӣ дар кишвар
Шумо солҳои зиёдест, ки ба миксолияву занбурғпарварӣ машғулед сабаб чист? Имрӯз шояд кам одамон донанд, ки баъди 20-25 сол замин наметавонад, одамони сайёраро ба моддаҳои органикӣ хусусан сафеда таъмин намояд.Чи хеле ки маълум аст, бе пайвастагиҳои сафеда организм зинда вуҷуд дошта наметавонад.Сарчашмаи асосии сафеда ин зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулотҳои гуштӣ, нон, тухм, шир ва моҳӣ мебошад. Ҳоло баъзе мамлакатҳои рушдёфта, тадқиқотҳо барои офаридани гушт, моҳӣ, шир роҳандозӣ карда истодаанд.
Соли гузашта, профессори Донишгоҳи Маастрихти ИМА натиҷаи тадқиқотҳояшро интишор намуд, ки хеле ҳайратоваранд. Марк Пост бо ёрии молиявии соҳибкори рус Сергей Грин гушти сунъиро офарид, ки аз гушти муқаррарӣ фарқнамекунад. Ин ҷо гуфтаҳои собиқсарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл ба ёд меояд, ки ҳанӯз соли 1931 гуфта буд: «Мо почаки мурғё синаи онро истеъмол мекунем, кушиш бояд кард, ки ҳамон қисми лозимаро истеҳсол кунем, на ин ки мурғи бутунро».
Ман солҳои зиёдест, ки ин маводи сарсафеда занбуруғро истеҳсол мекунам. Истеҳсоли занбуруғимконият медиҳад, ки мардум аз ғизои парҳезӣ ва сарсафеда то дараҷае таъмин бошанд. Бубинед кишварҳои Ғарб, Голландия, Англя, Франсия, ИМА аз асри 10-11 ба истеҳсоли занбуруғшуруъ кардаанд.
Ҳамагӣ истеъмоли 200 гр занбуруғталаботи якшабонарӯзии инсонро бо сафеда таъмин месозад.
Парвиз Ҳалимзода, ки дар ин тадқиқотҳои пурарзиши илмӣ Шуморо дастгирӣ мекунад?
Бевосита дар ин тадқиқотҳо бояд Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кунад, аммо чи бошад, ки дар ин самт яъне рушд додани замбуруғпарварӣ дар кишвар тадқиқотҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, зарураст, ки муҳимияти ин мавзӯро мутахассисону олимони соҳа бояд хуб дарк намоянд. Аммо хушбахтона, ҳастанд щахсиятҳое, ки нисбати тадқиқотҳои мо бетараф нестанд ва дасти кумак дароз мекунанд. Дар ин самт дастгириҳои бевостиаи роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуққавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳибкорони ватанӣ, ду соли охир мешавад, ки тадқиқотҳои моро дастгирӣ менамоянд.
Шумо ҳамчун муҳаққиқи навовар боз чи кашфиётҳои илмӣ доред?
Ман ифтихор дорам, ки соли гузашта ба ман муяссар гашт, як навъи (штапп)-и навъи занбуруғи «Вешенка»-ро офаридам, ки аз штапҳои мавҷуда бартариҳо дора д ва дар муҳлати кӯтоҳмепазад. Ҳосилнокиаш баланд буда, ба ҳашароту касалиҳо тобовар буда ба хушкиву ҳарорати паст ҳам тобовар аст. Ба таври эксперименталӣ тавонистем, аввалин маротиба дар кишвар навъи занбуруғ офаридем.
Занбуруғ тухмӣ надорад, аз заррачаҳо инкишоф меёбад, бо термини илмӣ миселия меноманд? Аз Руссия миселия оварда занбуруғи «Шампинон» истеҳсол намудем.Соли гузашта мо ба парвариши зироатҳо бо методи гипропоникӣ шуруъ кардем, методи гипропоникӣ ин парвариши зироатҳо бе хокаст бо истифода аз намакҳои минималӣ.
Парвариши зироатҳо бо методҳои гипроникӣ хеле манфиатовар буда аз 1м2 то сад килограмм ҳосили сабзавот гирифтан мумкин аст. Аз ин лиҳоз мо ҳозир методҳои гипроникиро барои истеҳсоли сабзавотҳо ва парвариши қаламчаҳои ситрусӣ сар кардаем.
Чи бояд кард, ки дар кишвар миқдори истеҳсоли маҳсулотҳои серсафеда бештар гардад?
Пеш аз ҳама сатҳи дониши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд баланд бошад. Имрӯз бо донистани агроинженерия, биотехнология, геннотехнология ба чизе муваффақнамегардем. Дар мо пажуҳишгоҳҳои зироаткорӣ амал мекунад миқдори зиёди заминҳои кишт ҳам доранд, аммо донандаи хуби илмҳои дар боло зикр нестанд, мебоянд мутахассисони ин соҳаро дар хориҷа тайёр кунем ё ки мутахассисони ин соҳаро берун аз кишварро ба кор ҷалб кунем.
Бинед, ки ҷаҳониён аз асри ХVII занбуруғ истемол мекунанд.
Имрӯз парвариши ин мавод саноати бузурги мустаъқил мебошад, ки ҳазорҳо тонна маводҳои серсафеда истеҳсол мекунанд, ҳам мардуми худро таъмин мекунанд ҳам содирот.
Имрӯз мардуми мо ин маводро, ки аксаран аз мамлакатҳои Европа дар шакли шӯрашуда дар сирко хобондашуда, хушккардашуда ворид мешавад бо нархи гарон харидорӣ мекунанд. Як кг занбуруғи хушккардашуда, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид мешавад 100-120 сомонӣ арзиш дорад.
Ҳол он ки мо метавонем дар кишвар онро истеҳсол намоем, лекин барои ин мутахассисонро ҷалб намудан ва барои онҳо шароити муфид муҳайё кардан зарур аст.
Ба саволи аввал бармегардем. Шумо бо кадом сабаб маселияҳоро дар табиат паҳн карданӣ ҳастед?
Пеш аз ҳама барои он ки агар миселияҳои фоидаовар дар боғу токзорҳо бештар гардад, ин ба он оварда мерасонад, ки ҳосили занбуруғи фаровон мешавад.
Агар тадқиқотҳои моро дар ноҳияҳо ба роҳ монем ҳосили занбуруғи хурданбоб зиёд мегардад.
Як хубии миселия он аст, ки агар як маротиба ӯ дар хок, ҳезум ё дарахт сабзад вай дигар нест намешавад, ҳар сол шароите, ки барои вай зарур омад, ӯ ба нашъунамо сар мекунад. Миселия заррачаҳои хурд буда ба воситаи шамолу об доим дар гардиш мебошанд. Албатта барои тадқиқотҳои мо дастгирӣ лозим аст, мо метавонем миселаҳоро дар кишвар паҳн намоем, ки ин сарчашмаи зиёдшавии занбуруғмегардад, ки занбуруғяке аз маводҳои серсафеда мебошад.
Аҳолии кишварро бок адом роҳ бо ғизои баландсифат метавон таъмин кард?
Бубинед, имрӯз ғаллаи истеҳсоли худӣ басанда нест ва аз Қазоқистон барои таъмини аҳолии кишвар ғалла ворид карда мешавад. Яъне барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ мебо яд талошҳоро аз пештара дида бояд зиёд намоем. Агар як сабаби норасоии ғалла кам будани заминаҳои кишт бошад? Сабаби дигараш ниҳоят паст будани зироатҳо мебошад. Аз ин лиҳоз мебояд технологияи парвариши зироатҳо бояд хуб ба роҳ монда шавад.
Аксари мамлакатҳо имрӯз мувофиқи иқлими какишварашон навъҳое офаранд, ки ҳосили баланд медиҳанд. Даҳҳо пажуҳишгоҳҳову марказҳо дар хизмати фермерҳо мебошанд, ки бевосита роҳу услуби ҳосили баланд гирифтанро роҳандозӣ мекунанд. Яъне имрӯз давлатҳову кишварҳо баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ доимо таваҷҷуҳзоҳир мекунанд. Олимону мутахасиссони соҳа бошанд аз технологияи парвариши зироатҳо хеле хуб бархурдоранд ва сатҳи корҳои тадқиқотӣ бошад дар ин самт хеле баланд аст.
Фермерҳое, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегиранд, аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд.
Ҳалимзода Парвиз Абдушукур
Сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ
дар минтақаи Кӯлоби Хатлон.