Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

НАМОИШ ФУРУШӢ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

zafarobod

  13 август дар боғи "Куруши Каби"и ш.Душанбе намоишфурӯши маҳсулотҳои кишоварзи маҳсули дасти ҳунармандон ва барномаи фарҳангии санаткорони ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.

   Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С., вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе ноҳияи Зафаробод иштирок доштанд.

  Маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонии пешкашнамудаи кишоварзони ноҳияи Зафаробод нисбати нархи бозорҳои фуруши маҳсулоти кишоварзи нисбатан арзон буда  боиси хариди сокинон гардид.

  Ҳамчунин намоиши маҳсули заҳмати ҳунармандони ноҳия ба марази тамошо гузошта шуд ,ки мақбули сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид. Дар қисмати дувуми руз аҳли санъати ноҳия барномаи фарҳангии хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Аҳли ҳунару санъат ва кишоварзони ноҳияи Зафаробод бо руҳияи баланди меҳандӯстӣ ва фарҳангпарвари дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, баҳри боз ҳам баланд бардоштани шароити зиндагии мардуми ноҳия ҳамеша талош намуда аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Маврид ба зикар аст ,ки ноҳияи Зафаробод, ноҳияи аграрӣ буда дар тамини амнияти озуқавори кишвар саҳми хешро мегузоранд.Заҳматкашони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 4316,5 га гандум, 11172,3га  пахта ва дар  8624,2 га маҳсулотҳои  ғаладонагиҳо ва полезиҳо кишт карданд,ки ҳосили фаровоне ба даст овардаанд.

  Ноҳияи Зафаробод сол то сол обод гашта симои он рангинтару зебо мегардад. Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолиятти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 120 иншоотӣ маданию маиши ба нақша гирифта шудааст,ки дар соли 2023, 46  адади он ба истифода дода шудааст.