Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Нашри матбуотӣ

 

Оид ба фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳаи аввали соли 2023

  Бо истифода аз ваксинаҳо ва дигар маводҳои байтории дар марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҷойдошта, дар ин давра ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии чорво зиёда аз 9 506 013 сар ҳайвоноту парандаҳо (101,7 фоизи саршумори дар 6 моҳа ба нақша гирифташуд), аз ҷумла бар зидди бемории сӯхтании  чорвои калони шохдор 1029743 сар (96,9%); чорвои хурди шохдор  1572433 сар (94,3%); аспҳо 27476 сар (100,2%); маркабҳо 35579 сар (86,5%); вабои сумдарди чорвои калони шохдор 259582 сар (82,6%); чорвои хурди шохдор 510588 сар (104,5%); сиёҳрони ҲШК 87850 сар (92,3%); “Шт-82”1642 сар (22,9%); гули гӯсфандону бузҳо 108101 сар (133,6%); тоуни ҲШМ 61376 сар (67,5%); ҳорӣ (ҳамаи намуди ҳайвонот) 47060 сар (103%); бемориҳои ангалӣ 446993 сар (104,6%); бемориҳои пуст 280062 сар (107,9%) ва бемориҳои паранда 4691349 сар (162,1%) бо эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин   шудааст.

  Баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ дар ин давраи ҳисоботӣ нисбати бемории буғумдард дар байни  437906 сар чорвои калони шохдор (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25709 сар зиёд) санҷиш гузаронида шудааст, ки ин 108,05 %-и нақшаро ташкил дода, аз саршумори санҷидашуда 484 сар чорвои мубталои бемории буғумдард муайян карда шуда, 464 сар тибқи дастурамали мубориза бар зидди ин беморӣ забҳ карда шуда, корҳо барои забҳи 20 сари боқимонда идома дорад.

  Инчунин, дар ин давра нисбати бемории сил дар байни 38038 сар чорвои калони шохдор санҷиш гузаронида шудааст, ки ин 73,1%-и фоизи нақшаро ташкил дода, аз саршумори санҷидашуда чорвои ба туберкулин ҷавоби мусбӣ дода муайян карда нашудааст. Айни замон ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбати бемориҳои буғумдард ва сил мутаносибан ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.

Дар 2-ҳолат барангезандаи бемории сухтанӣ, 2бемории сиёҳрон, 21 ҳорӣ, 3 брадзоти гӯсфандон, 2 ҳодисаи пастерелёзи чорвои калони шохдор ва 1 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурди шохдор бақайд гирифта шуда, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудааст.

   Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ, тибқи супориши раиси Кумита аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеъ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 8 120 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд. Инчунин, маводҳои таблиғотӣ омода шуда, ҳамзамон якчанд барномаҳои телевизионӣ оиди пешгирии бемории сӯхтанӣ ва таби хунин таҳия ва намоиш дода шуд.

    Дар нимсолаи якуми соли 2023 оиди иҷроиши корҳои инспексионии байторӣ 647 адад амрия ва 2173 адад санад, инчунин нисбати 1144 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба маблағи 252270 сомонӣ ҷарима ситонида, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст. Инчунин, 293 мактуб ба мақомоти прокуратура ва суд, 705 адад мактуб ба хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо, 585 адад мактуб ба раисони шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуда, ҳамзамон 3182 нафар соҳибкорон барои риояи талаботи байторию беҳдоштӣ огоҳонида шуда, дар воситаҳои ахбори омма 109 маротиба баромад анҷом дода шудааст.

   Аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба иншоотҳои нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дуконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 4 727 адад аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ 907 584 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Шумораи аттестатҳои додашуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 302 адад ва маблағи ба буҷет ворид кардашуда бошад 57984 сомонӣ зиёд аст.

  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 555 577 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ (аз он ҷумла 120700 адад ташхиси гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 51963 адад ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ, 5601 адад ташхиси равған, 33 871 адад ташхиси тухм, 3368 адад ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 2817 адад ташхиси асал, 37264 адад ташхиси маҳсулоти намакин, 22700 адад ташхиси маҳсулоти хушк, 268018 адад ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 9275 адад ташхиси маҳсулоти полезӣ) гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз қабили 28481,7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5188,8 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1070,2 литр равғани растанӣ, 15356,0 дона тухми паранда, 391 кг моҳӣ, 244,0 кг асал, 4522,0 кг маҳсулоти намакин, 3364,0 кг меваи хушк, 105178 кг меваю сабзавот ва 3622,0 кг маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.

    Дар ин давра ба марказҳои ташхиси бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ 407576 адад (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16674 зиёд) маводи амрозӣ ворид гардида, дар натиҷаи ташхисҳои гузаронидашуда дар 553 мавод (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад мавод зиёд) натиҷаи мусбӣ арзёбӣ гардид.

   Дар самти назорати зотпарварӣ бошад корҳои назорати зотпарварӣ оид ба ҳифзу нигаҳдошт ва такмилдиҳии фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар қаламрави ҷумҳурӣ парваришёбанда идома ёфта, риояи талаботи қоидаҳои зотпарварӣ дар 80 адад субъектҳои хоҷагидори зотпарварии фаъолияткунанда ва дигар хоҷагиҳои чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон, таҳти назорат қарор дорад.

    Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 144 840 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ин нисбати нақшаи дурнамои наслгирӣ 97 % (нақшаи дурнамои наслгирӣ барои соли ҷорӣ 2 198 951 сар) ро дар бар мегирад ва ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта  101608 сар зиёд мебошад.

Дар 28 адад хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ, ки дар самти парвариши чорвои майдаи шохдор фаъолият менамоянд, 185538 чорвои майдаи шохдор парвариш ёфта, аз ин 75 903 сараш мешҳо ва модабузҳо мебошанд, ки то имрӯз тибқи маълумотҳо аз ин саршумор 69 728 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ин 100,3 %-и нақшаро дар бар мегирад.

    Оид ба назорати нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ иттилоъ дода мешавад, ки дар миқёси ҷумҳурӣ (аз 1 январи соли 2023 то 1 июли соли 2023) дар 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 17444 сар чорвои калони шохдор ба усули сунъӣ бордор карда шуда, аз ин ҳисоб 14138 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 290 сар зиёд бордор ва 844 сар зиёд гӯсола гирифта шудааст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки фаъолияти кории ин нуқтаҳо зери назорати мутахассисони шуъбаи назорати зотпарварии Кумита қарор дорад.

   Ба ҳолати то 1 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 678974 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 33,2 %-и нақшаи солонаро (нақшаи солона 2021127 тонна) ташкил медиҳад.

  Барои риоя накардани талаботи зотпарварӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 13 600 сомонӣ ҷарима ситонида, ба буҷети ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

  Фаъолият дар самти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт андешидани чораҳои карантинию фитосанитарӣ, муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона, инчунин ҳимояи ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатари воридот ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ аз хориҷи кишвар равона карда шудааст.

  Бояд қайд кард, ки дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ дар майдони 80 462 га кишти зироатҳо таҳқиқҳои фитосанитарӣ ба маблағи 82 139 сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 216 га ба маблағи 29 211 сомонӣ зиёд  мебошад. Ғайр аз ин, дар масоҳати 387632 м.кв. ба маблағи 30 354 сомонӣ таҳқиқи анбору гармхонаҳо (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 170 983 м.кв ба маблағи 12 147 сомонӣ зиёд), дар ҳаҷми 127451 тонна ба маблағи 245 167 сомонӣ маводҳои гуногуни таҳти карантинӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 388 тонна ба маблағи 96 014 сомонӣ зиёд) ва ба миқдори 1 835 311 дона ниҳолҳо, кӯчатҳо, гулҳо ва зарфмонакҳо ба маблағи 28 330 сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49 415 дона ба маблағи 10 738 сомонӣ зиёд) азназаргузаронии фитосанитарӣ гузаронида шуда, нисбати онҳо чораҳои ҳатмии фитосанитарӣ ва карантинӣ татбиқ карда шудааст.

   Тибқи номгӯйи маводҳои таҳти карантин қарордошта, дар ин давраи ҳисоботӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба воситаи низоми “Равзанаи ягона” 1200 адад иҷозати воридоти карантинӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 244 800 сомонӣ ворид карда шудааст.

   Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ 3746  намуна, 6822 ташхисҳои гуногун, аз он ҷумла 3636 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 696 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 1457  ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 114 ташхис барои дарёфти нематодаҳо гузаронида шудааст.

  Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 161 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣтартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи умумии 121 074 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

   Ҳамзамон, дар Кумита Дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи мутахассисони ин ниҳод 26890 тонна нахи пахта, 7110 тонна ришта, 2151 тонна меваи хушк, 111,6 тонна чормағзи заминӣ, 368 тонна картошка, 44,2 тонна чормағзи юнонӣ, 798 м3 чӯбу тахта, 722476 дона ниҳол, 32,2 тонна тамоку, 53,1 тонна писта, 237,4 тонна тухми юнучқа ва 953 тонна донаи зардолу, дар маҷмуъ дар ин давом ба миқдори 39674 тонна, 7532 м3 ва 772 327 дона маҳсулот ба маблағи умумии 688 603 сомонӣ безарар гардонида шудааст.

    Дар самти назорати тухмӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 1524 адад намунаҳои тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда (дар як намуна 6 намуди ташхис гузаронида мешавад), дар онҳо 7113 адад санҷиши сифати тухмӣ  гузаронида шуда, аз натиҷаи он 1398 адад ҳуҷҷат, аз он ҷумла 866 адад шаҳодатномаи сифати тухмӣ, 139 адад натиҷаи ташхиси сифати тухмӣ (бесифат), 8 адад сертификати сифати картошкаи тухмӣ, 11 адад шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи тухмӣ  ва 364 адад санади ташхиси лаборатории картошкаи тухмӣ дода шудааст.

    Инчунин, дар самти назорати ниҳолҳо баъди азназаргузаронӣ ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба 2 070 438 бех ниҳол 507 адад шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи ниҳол дода шудааст.

  Ғайр аз ин, дар ин давра барои вайрон кардани қонунгузории тухмӣ нисбати 32 нафар шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи умумии 8284 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд.

  Зимни корҳои назоратӣ дар 90 адад хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ муайян карда шуд, ки захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ барои кишти соли 2023 ҳамагӣ 36037 тонна (асосан тухмии пахта, гандум ва картошка)-ро ташкил дода, аз ин миқдор 214 тонна элита, 1304 тонна R-1, 2730 тонна R-2, 10307 тонна R-3 ва 21482 тонна тухмии шартӣ мебошад.

    Дар давоми нисолаи якуми соли 2023 аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 1627,3 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ ворид гардида, дар асоси тартиби муқарраргардида аз санҷиши сифати тухмӣ гузаронида шудааст.

  Дар самти назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, иттилоъ медиҳем, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 4892 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 4921 тонна маҳсулоти ширӣ, 1472840 сар чӯҷаи якрӯза, 11216390 дона тухми инкубатсионӣ, 3344 тонна маҳсулоти моҳигӣ, 610000 дона тухми бордоркардашудаи гулмоҳӣ, 341340 тонна хӯроки чорво, 149 тонна маводҳои байторӣ, 18 тонна таҷҳизот барои парандапарварӣ,  439272 тонна гандуми истеъмолӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 83519 тонна зиёд), 30185 тонна орд (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5666 тонна зиёд), 15297 тонна биринҷ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5881 тонна зиёд), 73969 тонна шакар (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13317 тонна кам), 318111 тонна молҳои ниёзи мардум (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33 408 тонна зиёд), 22578 тонна меваҳои гуногун (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 901 тонна зиёд), 25703 тонна картошкаи истеъмолӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 642 тонна зиёд) ва 178 тонна чигити тухмӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103 тонна зиёд) ворид гардиданд, ки ҳамаи онҳо мавриди ташхиси дақиқи мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ қарор дода шудаанд.

   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба дигар давлатҳо 126969,5 тонна, аз он ҷумла 16285,5 тонна мевагиҳои тару тоза (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3510 тонна зиёд), 21699 тонна меваи хушк (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1578 тонна зиёд), 28274 тонна нахи пахта (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11542 тонна кам) ва 6324 тонна ришта (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 351 тонна зиёд) содирот карда шудааст.

     Барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбати 72 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқгардида дар ҳаҷми 114 608 сомонӣ ба пуррагӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.

   Шуъбаи махсуси карантини милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар дидбонгоҳои доимоамалкунандаи РБДА-и ВКД, бозорҳои истеъмолӣ, нуқтаҳои савдои маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар иншоотҳои таҳти назоратӣ фаъолиятро дар самти назорати интиқол, коркард, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти таҳти назоратӣ идома дода, дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 801 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои байторӣ беҳдоштӣ, фитосанитарӣ ва тухмӣ тартиб дода, барои барррасӣ ба марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол намудаанд. Ба ҳолати имрӯза аз ин шумора ҳамагӣ 485 адад протоколҳо аз ҷониби марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баррасӣ карда шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 98 940 сомонӣ ситонида шуда, ба буҷети давлат пардохт гардида, 316 адад протокол ба маблағи 64 464 сомонӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

     Дар маҷмуъ, дар ин давра аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ 1347 (аз ин, 1144 адад самти байторӣ ба маблағи 252 270 сомонӣ, 10 адад самти зотпарварӣ ба маблағи 13 600 сомонӣ, 161 адад самти фитосанитарӣ ба маблағи 121 074 сомонӣ ва 32 адад самти тухмӣ ба маблағи 8 284 сомонӣ) адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 395 228 сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 119 147 сомонӣ зиёд мебошад.

  Бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ бунёди 6 иншооти ҷашнӣ сохтмони биноҳои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулотҳои кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Мурғоб, Кӯшониён, Файзобод ва Фархорро ба нақша гирифта, кор дар ин иншоотҳо бо маром идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида сохта ба истифода дода мешавад.

   Дар доираи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар ин давра аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 92181375 сомонӣ, аз ҳисоби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба маблағи 3 892 548 сомонӣ таҷҳизотҳои лабораторӣ ҷиҳати муайян намудани бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дастрас карда шудааст. Инчунин, дар доираи Саммити озуқавории Созмони Милали Муттаҳид ба маблағи 35 000 доллари ИМА барои беҳбудӣ бахшидан ба самти амнияти озуқаворӣ ҷалб карда шудааст.

   Дар шаш моҳи аввали 2023 зиёда аз 3000 нусха буклетҳои тарғиботӣ доир ба пешгирии касалиҳои сироятии ҳайвоноту парандагон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавассути раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дастраси аҳолӣ ва манзури шаҳрвандон гардонида шуданд.

   Мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №520 “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 2023”, ҷиҳати амалишавии Барнома дурнамои манбаъҳои маблағгузорӣ дар 17 банд ба маблағи умумии 72,5 млн. сомонӣ, аз ин 47 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории шарикони рушд ва 25,5 млн. сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, рафти иҷрои Барнома дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии барои 5 сол дар ҳаҷми 25,5 млн. сомонии пешбинишуда, то ба имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 28 911 987 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки иҷрои он 115,6 фоизро ташкил медиҳад.Аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии барои 5 сол ба маблағи 47 млн. сомонии пешбинишуда, то ба имрӯз ба маблағи 59 130 716 сомонӣ корҳо амалӣ шудааст, ки иҷрои он 125,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ барои иҷрои ҳаҷми умумии дурнамои маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 88 042 703 сомонӣ равона гардидааст, ки 121,4 фоизро ташкил медиҳад.