Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Наврузи аҷам-шаҳодатномаи фарҳангии миллати тоҷик

navruzi

   Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёитабор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд.

  Чуноне,ки Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

  Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

  Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

    Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва наврӯзномаҳои сершумори ниёгонамон хуб медонем, ки гузаштагонамон ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшед ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд, ки он мувофиқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офариниши баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд, яъне, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ҷашни баробарии шабу рӯз, дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба шумор меравад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни  ниёгонро хосатан таъкид намуда,  иброз доштанд, ки «Ҷавҳари таърихиву  фарҳангии ин ҷашн саодату  пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба  ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.» 

    Бахшида ба ифтихори “Наврӯзи байналмилалӣ”рӯзи 18-уми марти соли ҷори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   чорабинии тантанавии идонаро дар н. Хуросон баргузор намуд. Сухани ифтитоҳиро раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати иди Наврӯз табрик намуданд. Меҳмони чорабинӣ шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо сухани табрикотӣ баҳори нозанин ва Наврӯзи аҷамро чун шаҳодатномаи фарҳангии миллати тоҷик баён намуданд.  

  Тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои бисёрсолаи Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Хушбахтона, бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, Наврӯзи ориёӣ, соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ муаррифӣ ва қабул карда шуд ва бо пешниҳоди Пешвои фархундапайи миллат Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Баъди чанд Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ фазои сарзамини моро муаттар ва музайян месозад. Асотири марбутаи паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷиктабор аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устурии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.

     Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифат ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, ки нахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст.

            Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!

 Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!

 Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,

 Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!

 Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,

 Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!

     Наврӯз ҷашнест, ки  маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накукорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кумак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва ба ҳар иқдоми нек замина мегузорад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни  ниёгонро хосатан таъкид намуда,  иброз доштанд, ки «Ҷавҳари таърихиву  фарҳангии ин ҷашн саодату  пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба  ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.»