Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

НАЗОРАТИ ЗИДДИЭПИЗООТӢ ДАСТГИРИИ ҶИДДИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД.

kalandarzoda

Ҳабибулло ҚАЛАНДАРЗОДА, муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо тухми ғизоӣ ва гӯшти босифат хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, он зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, баҳри рушди бемайлонаш тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Тибқи моддаи 13, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020” аз 7-уми майи соли 2020, таҳти №1991, воридоти тамоми намуди хӯроки чорво (аз ҷумла хӯроки паранда), тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза, ҳайвоноти барои такрористеҳсолкунӣ воридшаванда аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Ин имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати кишвар боис гардид, ки дар чанд соли охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва саршумори паранда дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти он бамаротиб афзун гардад. Тибқи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ 206 хоҷагӣ ва корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият мекунанд. Ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2020 саршумори паранда дар ҷумҳурӣ ба 9891855 сар расидааст, ки нисбати соли гузашта 1304508 сар зиёд мебошад. Истеҳсоли тухми ғизоӣ бошад, 785401100 дона ва гӯшти паранда 228794 тоннаро ташкил додааст, ки мутаносибан нисбати соли гузашта 223337200 дона тухм ва 106278 тонна гӯшт зиёд аст. Дар ин раванд ба ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини истеҳсолкунандагон ба маводҳои бозтавлидкунӣ ба миқдори 4381354 сар чӯҷаи якрӯзаи мурғ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2781213 сар зиёд аст. Ҳамчунин дар ин муддат ба миқдори 9661592 дона тухми инкубатсионӣ оварда шуд. Ғайр аз ин ба миқдори 196363 тонна хӯроки паранда ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120133,1 тонна зиёд аст. Барои рушди соҳаи парандапарварӣ ба миқдори 1004 тонна таҷҳизот (инкубаторҳо, катакҳо ва дигар асбобу анҷом) харидорӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 479 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра воридоти маҳсулоти паранда аз хориҷи кишвар коҳиш ёфт. Аз ҷумла, гӯшти мурғ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4932,8 тонна ва тухми ғизоӣ 226,5 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1396,0 тонна кам аст. Ин маълумот аз зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Ҳоло хоҷагиҳо ва корхонаҳои парандапарварии “Якарча”-и ноҳияи Муъминобод, “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод, ҶДММ “Дӯстон-1”, ҶДММ “Ганҷи равон”, НАЗОРАТИ ЗИДДИЭПИЗООТӢ ДАСТГИРИИ ҶИДДИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД Ҳабибулло ҚАЛАНДАРЗОДА, муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 №10-12 (69), 2020 Амнияти озуқаворӣ ШУЪБАИ РАСМӢ ҶДММ “Саҷҷод”, ҶДММ “Муборак”, ҶДММ “Додобоев”, ҶДММ “Тухми аълосифат”, ҶДММ “Чӯҷаи заррин”, ҶДММ “Симурғ”, СИ “Амир-16”, СИ Орипов аз вилояти Суғд, корхонаҳои парандапарварии Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ дар истеҳсол ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар бо гӯшти хушсифати мурғ ва тухми ғизоӣ саҳми назаррас доранд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли тухм 605 млн. дона ва истеҳсоли гӯшти паранда бошад, 15065 тоннаро ташкил дода, дар 1 сол аз 1 сар мокиён 210 дона тухм гирифта шудааст. Дар вилояти Суғд бошад, шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 122 адад расида, саршумори паранда ба 1-уми ноябри соли 2020 5 млн. сарро ташкил дод, ки аз он 4,2 млн. сар ба корхонаҳои кишоварзӣ рост меояд. Дар баробари ин дар фаъолияти бисёр корхонаҳои парандапарварӣ камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки боиси пастшавии сифати маҳсулот гардида, бехатарии озуқаворӣ кафолат дода намешавад. Моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ бо мақсади муайян кардани вазъи эпизоотӣ дар корхонаҳҳои парандапарварӣ, тибқи дастури роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати зери назорати қатъӣ қарор додани вазъи эпизоотӣ, сари вақт андешидани чораҳои фаврӣ ва таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарбар гардид. Гурӯҳи номбурда дар вилояти Суӯд зимни санҷиш муайян кард, ки дар як қатор корхонаҳои парандапарварӣ талаботи байторию санитарӣ риоя карда намешавад. Инчунин чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ дар ҳамбастагӣ бо марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида нашуда, вобаста ба фаъолияташон низ ҳисобот пешниҳод намекунанд. Ғайр аз ин ҳолатҳои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ аз ҷониби шахсони тасодуфӣ, ки бе нақшаи тасдиқгардида фаъолият карда, масъулияти корҳои анҷомдодаашонро ба души худ намегиранд, ба назар мерасад. Ин амали онҳо хилофи талаботи моддаҳои 13, 25 ва 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” мебошад. Ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар фабрикаҳои парандапарварӣ забҳи паранда бо сабаби паст гардидани қобилияти маҳсулнокӣ вобаста ба синну сол боиси кам шудани истеҳсоли тухми ғизоӣ ва хароҷоти зиёдатӣ дар парвариши он гардидааст. Ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ масъулини корхонаҳои парандапарварӣ вазифадор карда шуданд, ки барои нобуд ва безараргардонии ҷасадҳои талафёфтаи паранда ва дигар партовҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди корхонаҳояшон ҷойҳои марказонидашудаи махсус бунёд карда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд. Инчунин тавсия дода шуд, ки эмгузаронии парандаро бар зидди бемориҳои сироятӣ аз рӯи ҷадвали ягона гузаронида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодаашон сари вақт ба мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳисобот пешниҳод кунанд.