Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

РӮЗИ МОДАР-ИДИ ТАҶАССУМИ ЗЕБОИВУ САРСАБЗӢ

ruzimodarДар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таҷлили фархундаи Рӯзи модар ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат ҷашн гирифта мешавад, ки ин рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан-Модар арзёбӣ мегардад. 

Дар ин замина санаи 4 марти соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарияти Кумита, муовинони раис, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон,  инчунин бо иштиоки зиёди бонувони Кумита ва намояндагони васоити ахбори омма доир  гардид.

  Ҷаласаи мазкур,  таҳти садо додани Суруди миллӣ  оғоз гардида, сипас раиси Кумитаи бехатарии озуқавориии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо суханони табрикотии худ ҳозиринро ба рӯзи Модар шодбош гуфта, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас доранд. Зеро, дар симои бонувон на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.

       Ҳамчунин Муовини Раиси Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ низ суханронӣ намуда, афзуданд, ки нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмашон ба таври хоса таъкид гардид. “Бузургии зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.

          Сипас дар рафти чорабинӣ як қатор бонувони Кумита ҷиҳати саҳми муносибу арзанда гузоштан дар мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-Таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он аз ҷониби роҳбарияти Кумита бо дастагул ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

      Дар фарҷоми чорабинӣ бошад тибқи барнома аз ҷониби гулдухтарони Кумита тарона ва шеъру суханҳо, ки тарранумгари ситоиши Зан-Модар буданд, қироат карда шуд ва лавҳае таҳти унвони “Дасти дуои Модар” пешкаши ҳозиорин гардонида шуд, ки ба чорабинӣ боз ҳам шукӯҳи тоза бахшид.

ruzimodar1

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон