Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Саҳми кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ободу зебогардонӣ ва ба шаҳрисабз табдил додани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе

daraht

  Санаи 7-уми декабри соли 2020, дар доираи  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  барои ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишварамон, роҳбарият ва кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси мазкуро ҷонибдорӣ намуда, барои шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан иқдом намуданд.

         Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои зебоипарастӣ Душанберо ба “Шаҳри сабз” табдил додан, инчунин бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мавсими шинонидани ниҳолҳои дарахтон дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 ва бо ин замина омодагиҳои ҳамаҷониба дидан ба ҷашни 30солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида дар ин ҳашари дастаҷамъона бевосита худи Раиси мақомоти бехатарии озуқаворӣ  муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ва бо ҷалби дигар кормандон Кумита дар ҳудуди Наврӯзгоҳи пойтахт дар маҷмӯи зиёда аз 150 бех ниҳоли ороишию ҳамешасабз (арча), ки ҳамзамон баҳри солимии инсон судманд ва боиси болидарӯҳию рӯҳбаландии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад, шинонида шуд. Дар назар аст, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро дар ҳамин гуна ҳашарҳои дастаҷамъонаи мавсими ниҳолшинонӣ бомаром идома диҳад.Бо ин иқдоми нек мо натанҳо шаҳри худро сарсабз мегардонему дар ободии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунааи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро, ки онро ном Тоҷикистон аст, меомӯзем.

     МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ

              НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН