Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

СИЁСАТИ ДАРҲОИ БОЗ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

umumi

         Фаъолияти сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамбарои дурнамои наздик ва ҳам барои ояндаи тӯлонӣ ҷавобгӯй манфиатҳои ҳақиқии мардуми он мебошад. Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии, Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтайғирёбандаи чаҳон баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараён мегирифт, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардуми мо таъсири амиқ ва рӯзафзун дошт.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлоту равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии Кишвар ва мардуми худро дар чаҳорчӯбаи сиёсати “Дарҳои боз” дар сатҳи шоиста таъмин намояд. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири харобиовари вазъи маълуми минтақавӣ мо дар муқобили ин таҳдиду хатарҳо мавқеи усулӣ ва қатъӣ гирифта, кишвари худ ва амнияту суботи минтақаро аз оқибатҳои фалокатбори он ҳифз намудем. Дар иртибот ба ин ҳаёт, дурустии мавқеи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистонро собит сохт. Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши гайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногени ва мавқеъгириву таъсиррасонӣ на ҳама вақт мусбати абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои пайваста бо онҳо зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои  глобалиро ба миён мегузоранд.

Оиди ин масъалаи мавҷудаҳанӯз соли 2002 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуда буданд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули «Дарҳои боз» амалӣ гардида, омодагии кишвар барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, омода мебошад. Баъди эълони чунин тасмим дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ такони ҷиддӣ ба амал омад. Оҳиста–оҳиста таи солҳои охир ба рушди муносибатҳои муфид бо шарикони анъанавӣ кишвари мо дар доираи муносибатҳои худ давлатҳои дигарро ҷалб намуда истодааст. Маҳз бо туфайл ва иқдоми сиёсати мазкур имрӯз Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳои муфид ва самаранок бо кишварҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии  Мардумии Чин, Япония, як қатор давлатҳои ҷанубу шарқии Осиё, Ҳиндустон, Туркиё, давлатҳои Араб, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои бонуфузи мухталифи ҷаҳон робитаҳои худро дар асоси баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ, густариш дода истодааст.Ин ҳам самараи интихоби сиёсати муваффақонаи Сарвари давлат  дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббӯсҳои созандаву некбинонаи ӯ бонигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона равона гардидааст. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аниқтараш дар се даҳаи соҳибистиқлолӣ ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию аҳонӣ табдил  ёфтааст.