СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ РАВҒАНИ НАХЛИ СОФКАРДАШУДАИ ХУШБӮЙГАРДОНИДА БАРОИ САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ
СТ ҶТ 11142020
Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ
РАВҒАНИ НАХЛИ СОФКАРДАШУДАИ ХУШБӮЙГАРДОНИДА БАРОИ САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ
Шарти техникӣ
Душанбе -2020
Муқаддима
1. Аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва омода гардидааст.
2. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби № 1-4/6270 аз 31 августи соли 2020 ба мувофиқа расидааст.
3. Аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби № 11-2069 аз 08 сентябри соли 2020 ба мувофиқа расидааст.
4. Аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби № 01-1550 аз 10 сентябри соли 2020 ба мувофиқа расидааст.
5. Бо фармоиши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 85 ф/а, аз 30 сентябри соли 2020 ҳамчун стандарти давлатӣ қабул карда шудааст.
6. Бори нахуст ҷорӣ мегардад.
Стандарти мазкур бе иҷозати Агентии Тоҷикстандарт пурра ё қисман дар сифати нашрияи расмӣ таҷдид ва тасвид шуда наметавонад.
1. Доираи татбиқ
Стандарти мазкур ба равғани нахли (палма) софкардашудаи хушбӯйгардонида, ки ба ҳайси маводи хом дар саноати хӯрокворӣ (минбаъд – равғани нахл) истифода мегардад, татбиқ карда мешавад.
Барои истеҳсоли ғизои кӯдакона ва маҳсулоти ширӣ истифода бурдани равғани нахл қатъиян манъ аст.
Талабот нисбат ба сифат ва бехатарӣ дар зербандҳои 4.1.1 – 4.1.4, 4.2.4; талабот ба қисми тамғагузорӣ дар зербанди 4.3 нишон дода шудааст.
2. Истиноди меъёрӣ
Дар стандарти мазкур истиноди меъёрӣ дар стандартҳои байнидавлатии зерин истифода гардидаанд:
ГОСТ 8.579-2002 «Государственная система обеспечения единства измерений. Требования к количеству фасованных товаров в упаковках любого вида при их производстве, расфасовке, продаже и импорте».
ГОСТ 976-81 «Маргарин, жиры для кулинарии, кондитерской и хлебопекарной промышленности. Правила приемки и методы испытаний».
ГОСТ 5471-83 «Масла растительные. Правила приемки и методы отбора проб».
ГОСТ 5472-50 «Масла растительные. Определение запаха, цвета и прозрачности».
ГОСТ 5475-69 «Масла растительные. Метод определения йодного числа».
ГОСТ 5476-80 «Масла растительные. Методы определения кислотного числа».
ГОСТ 5477-93 «Масла растительные. Методы определения цветности». ГОСТ 5480-59 «Масла растительные и натуральные растительные кислоты. Метод определения мыла».
ГОСТ 5481-89 «Масла растительные. Методы определения нежировых примесей и отстоя».
ГОСТ 7376-89 «Картон гофрированный. Общие технические условия». ГОСТ 9142-90 «Ящики из гофрированного картона. Общие технические условия».
ГОСТ 10766-64 «Масло кокосовое. Технические условия».
ГОСТ 11812-66 «Масла растительные. Методы определения влаги и летучих веществ».
ГОСТ 13511-2006 «Ящики из гофрированного картона для пищевых продуктов, спичек, табака и моющих средств. Технические условия».
ГОСТ 13515-91 «Ящики из тарного плоского склеенного картона для сливочного масла и маргарина. Технические условия».
ГОСТ 13516-86 «Ящики из гофрированного картона для консервов, пресервов и пищевых жидкостей. Технические условия».
ГОСТ 14192-96 «Маркировка грузов».
ГОСТ 18251-87 «Лента клеевая на бумажной основе. Технические условия».
ГОСТ 26593-85 «Масла растительные. Метод определения перекисного числа».
ГОСТ 26927-86 «Сырье и продукты пищевые. Методы определения ртути».
ГОСТ 26929-94 «Сырье и продукты пищевые. Подготовка проб. Минерализация для определения содержания токсичных элементов».
ГОСТ 26930-86 «Сырье и продукты пищевые. Метод определения мышьяка».
ГОСТ 26932-86 «Сырье и продукты пищевые. Метод определения свинца».
ГОСТ 26933-86 «Сырье и продукты пищевые. Метод определения кадмия».
ГОСТ 30178-96 «Сырье и продукты пищевые. Атомно-абсорбционный метод определения токсичных элементов».
ГОСТ 30418-96 «Масла растительные. Метод определения жирно-кислотного состава».
ГОСТ 30538-97 «Продукты пищевые. Методика определения токсичных элементов атомно-эмиссионным методом».
ГОСТ 30623-98 «Масла растительные и маргариновая продукция. Метод обнаружения фальсификации».
Эзоҳ: Ҳангоми истифодаи стандарти мазкур татбиқи стандартҳои истинодӣ дар сохтори иттилоотии истифодаи умум дар сомонаи расмии мақомоти дахлдор ё мувофиқи феҳристи ҳамасола нашршавандаи «Стандартҳои миллӣ», ки нашр гардида, оид ба масъалаҳои ҳармоҳаи иттилоотӣ барои соли ҷорӣ маълумот медиҳад, мақсаднок тафтиш карда шавад. Агар стандарти истинодӣ иваз карда шавад (тағйир дода шавад), пас ҳангоми истифодаи стандарти мазкур бояд стандарти ивазшуда (тағйиршуда) ба назар гирифта шавад. Агар стандарти истинодӣ бе ивазкунӣ бекор карда шуда бошад, он гоҳ дастурамале, ки дар он ба истинод оварда мешавад, нисбат ба он меъёре татбиқ мегардад, ки ба ин истинод дахл надошта, бояд бо стандарти ивазшаванда (тағйирёфта) амал намояд. Агар стандарти истинодӣ бе ивазкунӣ бекор карда шуда бошад, он гоҳ дастурамале, ки дар он ба истинод оварда мешавад, нисбат ба он меъёре татбиқ мегардад, ки ба ин истинод дахл надошта бошад.
3 Истилоҳот ва муайянкунандаҳо
Дар стандарти мазкур истилоҳоти зерин бо муайянкунандаҳои мутобиқ қабул карда шудаанд:
3.1. равғани нахл: равғани растанӣ, ки аз мағзи мобайнии меваҳои равғандори нахл, бо ҳаҷми ҳиссаи равғани на кам аз 99,9 %, бе тағйирпазирӣ, бо гузаштан аз дараҷаи тозасозии гардиши пурраи софкунӣ ва хушбӯйкунӣ ба даст оварда мешавад.
3.2. гардиши пурраи давраҳои софкунӣ ва хушбӯйсозӣ: Раванди тозасозӣ аз омехтаҳои ҷойдошта, аз ҷумла моддаҳои таркибашон фосфордор, мумҳо, кислотаҳои озоди чарбӯ, моддаҳои рангкунанда ва моддаҳое, ки тамъ ва бӯйро ба вуҷуд меоранд.
4. Талаботи умумии техникӣ
4.1. Хусусиятҳо (тавсифот)
4.1.1. Равғани нахлро мутобиқ ба талаботи стандарти мазкур оид ба ҳуҷҷатҳои техникӣ, бо истифодаи воситаҳои ёрирасони муқарраршуда (4) ё дигар қоида ва меъёрҳои санитарӣ, меъёрҳои беҳдоштӣ ё меъёри санадҳои ҳуқуқии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда, коркард менамоянд.
4.1.2. Аз рӯи нишондиҳандаҳои органолептикӣ равғани нахл бояд ба талаботи дар ҷадвали 1 нишондодашуда мутобиқат намояд:
Ҷадвали 1
Номгӯи нишондиҳанда |
Тавсифоти (хусусиятҳои) равғани нахл |
Таъм ва бӯй
|
Тоза, равғани мувофиқ ба бехусусияткардашуда. Мавҷудияти таъм ва маззаҳои бегона иҷозат дода намешавад |
Дараҷаи ғилзат (консистентсия) дар ҳарорати 200 С |
Гуногунтаркиб |
Ранг дар ҳолати сахтшавӣ (яхкунӣ) |
Тобиши аз сафед то зарди равшан, дар умумият якгуна |
Шаффофият |
Дар ҳолати гудохтан (моеъгардонӣ) шаффоф |
4.1.3. Мавҷудияти таркибии пеститсидҳо, унсурҳои заҳрдор ва радионуклидҳо набояд аз ҳадди муқаррарнамуда (4) ё дигар қоида ва меъёрҳои санитарӣ, меъёрҳои беҳдоштӣ ё меъёри санадҳои ҳуқуқии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда, зиёд бошад.
4.1.4. Хусусияти ҳаммонандсозии «Таркиби кислотаҳои чарбӯи равғани нахл» ва усули муайянсозии таркиби кислотаҳои чарбӯ дар замимаи А нишон дода шудааст.
4.1.5. Аз рӯи нишондиҳандаҳои физикӣ-кимиёвӣ равғани нахл бояд ба талаботи дар ҷадвали 2 нишондодашуда мутобиқ бошад.
Чадвали 2
Номгӯи нишондиҳанда |
Мазмуни нишондиҳанда |
Рангият, аз рӯи Ловибонд, 5 ¼, на зиёда аз |
3,0 сурх |
Миқдори умумии равғаннокӣ, %, на кам аз |
99,9 |
Миқдори умумии рутубатнокӣ ва моддаҳои бухоршаванда, %, на зиёда аз |
0,1 |
Миқдори кислотаи палмитин, % |
39,0-46,8 |
Миқдори умумии трансизомерҳои кислотаи чарб, %, на зиёда аз |
1,0 |
Ҳарорати гудозиш, 0С |
33-39 |
Миқдори йоднокӣ, г I2/100 гр |
50-55 |
Миқдори умумии моддаҳои таркибашон фосфордор, дар ҳисоби дубораи стеароолеолетситин, % |
иҷозат дода намешавад |
Миқдори умумии омехтаҳои беравған, %, на зиёда аз |
иҷозат дода намешавад |
Мавҷудияти собуннокӣ (намунаи сифатнок) |
манфӣ |
Дараҷаи туршшавӣ, оксигени фаъол/кг, на зиёда аз ммол |
0,9 |
Миқдори кислотаҳо, мг КОН/г, на зиёда аз |
0,2 |
4.2 Талабот ба маҳсулоти хом
4.2.1. Барои истифодабарии равғани нахл маводҳои зерини хом мавриди истифода қарор мегиранд:
равғани нахли софкарданашуда (рафинатсиянашуда) – аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ширкатҳои истеҳсолкунанда;
равғани нахли софкардашуда (рафинатсияшуда) – аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ширкатҳои истеҳсолкунанда;
равғани нахли софкардашудаи (рафинатсияшуда) хушбӯйгардида, ки ба талаботи дар ҷадвалҳои 1 ва 2 нишондодашуда ҷавобгӯй намебошад.
Маводи хоми барои истеҳсоли равғани нахл истифодашаванда барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат дода намешавад.
4.2.2. Маводи хоми барои истеҳсоли равғани нахли рехташаванда истифодамегардидаро мувофиқи нишондоди банди 4.2.1 тавассути восиҳои нақлиётӣ (боркашонии) ба амалисозии ин ҳадаф мувофиқ ба роҳ мемонанд.
Систернаҳои (зарфҳои) нақлиёти роҳи оҳан бояд ба талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ва беҳдоштӣ ҷавобгӯ бошанд, ки аз рӯи ташкили интиқоли борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт татбиқ мегарданд.
4.2.3. Равғани нахли софкардашуда ва равғани нахли софкардашудаи хушбӯйгардидаро мувофиқи нишондоди банди 4.2.1 дар зарфҳои барои маҳсулоти ғизоӣ пешбинишаванда нигоҳ медоранд, ки истифодаашон бо тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст.
4.2.4. Ҳангоми истеҳсоли равғани нахл ба истифодаи антиоксидантҳои барои истеҳсоли равғанҳои растанӣ пешбинигардида, мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда иҷозат дода мешавад.
4.2.5. Нишондиҳандаҳои бехатарии маводи хом набояд аз меъёрҳо (4) ё санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда зиёд бошад.
4.3 Тамғагузорӣ
4.3.1. Тамғагузории равғани нахл мутобиқ ба талабот (4) ё санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда ба амал бароварда мешавад.
4.3.2. Дар ҳар як воҳиди зарфи интиқолии равғани нахл тамғақоғазе насб карда мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар дорад:
номгӯи маҳсулот;
ном ва суроғаи истеҳсолкунанда (суроғаи ҳуқуқӣ, бо иловаи номи кишвар ва ҳангоми мувофиқат накардан бо суроғаи ҳуқӯқӣ, суроғаи (суроғаҳои) истеҳсолӣ (истеҳсолотӣ));
номгӯи ташкилот дар қаламрави давлати қабулнамудаи стандарт, истеҳсолкунандаи ваколатдор барои қабули иддао (даъво) аз истеъмолкунанда дар қаламрави ин давлат (ҳангоми мавҷудият);
вазни холис;
таркиби маҳсулот (бо нишондоди ҳатмии иловаҳои ғизоӣ, таркибҳо аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (ГМО);
арзиши ғизоӣ (арзиши қувватнокии 100 гр маҳсулот мутобиқи замимаи Б, миқдори равғаннокӣ дар 100 гр маҳсулот);
муҳлати истифода ва шароити нигоҳдорӣ;
рақами қисми маҳсулот ва рақами воҳиди бастабандӣ;
санаи истеҳсол;
ифодаи стандарти мазкур;
маълумот оиди тасдиқи мутобиқат.
4.3.3. Ҳама гуна насб намудани санаи истеҳсол, ки таъминкунандаи аломати дақиқи он мебошад, иҷозат дода мешавад.
4.3.4. Аломатҳои истифодашавандаи «Муҳофизат аз нурҳои офтоб», «Муҳофизат аз рутубатнокӣ», «Боло» ва «Зудшикан. Боэҳтиёт» мутобиқ ба (1)* ва ГОСТ 14192 насб карда мешаванд.
_________________________________________
*Нам. (1)-(3) ниг. фасли Адабиёти истифодашуда, дар ин ҷо ва минбаъд аз рӯи матн. Эзоҳи омодасозандаи базаи маълумот.
4.3.5 Талаботи иловагӣ нисбат ба тамғагузории интиқолӣ бояд ба шартномаи хариду фурӯш мутобиқ бошад.
4.3.6. Дар шакли рехташаванда интиқол додани равғани нахл иҷозат дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои ба маҳсулот (мол) ҳамроҳшаванда бояд маълумоти зеринро дар бар дошта бошанд:
номгӯи маҳсулот;
ном ва суроғаи истеҳсолкунанда (суроғаи ҳуқуқӣ, бо иловаи номи кишвар ва ҳангоми мувофиқат накардан бо суроғаи ҳуқӯқӣ, суроғаи (суроғаҳои) истеҳсолӣ (истеҳсолотӣ));
вазни холис;
муҳлати истифода;
рақами қисми бор ё санаи истеҳсол;
аломати ифодакунандаи стандарти мазкур;
маълумот оид ба тасдиқи мутобиқат.
4.4 Бастабандӣ
4.4.1. Равғани нахлро дар қуттиҳои картонии чиндор аз рӯи ГОСТ 9142, ГОСТ 13511, ГОСТ 13516, қуттиҳо аз картони зарфияти молӣ аз рӯи ГОСТ 13515 печонида бастабандӣ месозанд. Истифодаи дигар қуттиҳои таъминкунандаи амнияти равғани нахл ҳангоми интиқол ва нигоҳдорӣ, ки аз маводҳои барои нигоҳдории равғанҳои растанӣ иҷозатдодашуда бо тартиби муқарраргардида омода карда шудаанд, иҷозат дода мешавад.
Дар зарфҳои полимерӣ, металлии зангнозананда ва барои соҳаи хӯрока пешбинишуда тибқи тартиби муқарраргардида борҷома карда мешавад. Зарфҳо бояд бо сарпӯшҳои ҳавоногузар, ки аз маводҳои истифодашудаашон бо тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст, ба пуррагӣ кафшер ё маҳкам карда шаванд.
Зарфи интиқолёбанда бояд бехатарии маҳсулот ва мутобиқати онро ба талаботи стандарти мазкур, аз ҷумла нишондиҳандаҳои дар сурати ҳаммонандсозӣ истифодашаванда, дар раванди тамоми муҳлати истифодабарӣ, ҳангоми риояи шароити интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯш таъмин намояд.
4.4.2. Ба қуттиҳои картонии чиндори барои бастабандии равғани нахл истифодашаванда илова намудани варақаҳо аз картони чиндори тамғаи Т аз рӯи ГОСТ 7376 ва ГОСТ 9142 иҷозат дода мешавад.
4.4.3 Вазни холиси равғани нахл дар воҳидҳои бастабандӣ метавонад аз 5 то 25 кг бошад.
4.4.4. Ҳадди имконпазири тамоилҳои мутақобили вазни холис нисбат ба шумораи нишондодашуда (номиналӣ) аз рӯи ГОСТ 8.579 муайян мегардад.
4.4.5. Пеш аз бастабандии равғани нахл қуттиҳо бояд аз қоғазпечҳо-варақаҳои маводи полимерии барои маҳсулоти хӯроквори мувофиқ, ки истифодаашон тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст, густурда шаванд.
4.4.6. Сарпӯши қуттиҳои картонӣ тавассути ширештасмаи қоғазӣ аз рӯи ГОСТ 18251 ё тасмачаи полиэтиленӣ бо қабати часпандаи барои маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқ, ки истифодаашон тибқи тартиби муқарраргардида иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, часпонида мешаванд.
4.4.7. Фурӯши равғани нахл дар шакли рехташаванда тариқи яклухт ва чакана барои истеъмол ва истифодаи умум иҷозат дода намешавад.
4.4.8. Равғани нахлро дар шакли рехташаванда (моеъ) дар танк-контейнерҳо, зарфҳои калони фулӯзии (систернаҳои) нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти роҳи оҳан, ки аз пӯлоди зангногир барои маҳсулоти ғизоӣ бо қабат-қабат гузоштани нитроген омода гардида, истифодаашон тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст, ғунҷоиш медиҳанд.
4.4.9. Танк-контейнерҳо, зарфҳои калони фулӯзии (систернаҳои) нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти роҳи оҳан бояд аз боқимондаҳои пештар нигоҳдоришудаи дохилашон тавассути буғронӣ, шуштан ва қоқ намудан бодиққат тоза карда шаванд ва набояд бӯйҳои бегона дошта бошанд.
Ҷойгирсозии равғани нахл дар зарфҳое, ки пештар дар онҳо борҳои хавфнок ва ғайрихӯрокворӣ ғунҷоиш шуда буданд, иҷозат дода намешавад.
4.4.10. Зарфҳо ва масолеҳи бастабандӣ бояд тоза, хушк буда, набояд бӯи бегона дошта бошанд.
4.4.11. Бастабандии нақлиётӣ бояд бехатарии маҳсулот ва мутобиқати онро бо талаботи стандарти мазкур тибқи риояи шароитҳои интиқол ва нигоҳдорӣ таъмин намояд.
5. Қоидаҳои қабул
5.1. Қоидаҳои қабул ва интихоби намунаҳо аз рӯи ГОСТ 5471 ба амал оварда мешавад.
5.2. Ҳар як қисмати равғани нахл, ки аз корхона бароварда мешавад, мутобиқ ба талаботи стандарти мазкур аз санҷиш гузаронида шуда, дар ҳуҷҷати ҳамроҳшавандаи маҳсулот, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраргардида тасдиқ менамояд, ба расмият дароварда мешавад.
5.3. Санҷишҳои мавсимӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои бехатарӣ мутобиқ ба барномаи назорати истеҳсолӣ, ки аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда коркард гардидааст, гузаронида мешаванд.
6. Усулҳои назорат
6.1. Интихоби намунаҳо аз рӯи ГОСТ 5471 амалӣ мегардад.
6.2. Муайян намудани бӯй, ранг, шаффофият ва таркиби маҳсулот аз рӯи ГОСТ 5472, ГОСТ 10766 (бандҳои 8-10) ба амал бароварда мешавад.
6.3. Муайянсозии таъм дар ҳолати гудохта нашудани органолептикӣ ва гудохташавӣ дар ҳарорати 450 С – 500 С ба роҳ монда мешавад.
6.4. Муайян намудани ҳиссаи умумии рутубатнокӣ ва моддаҳои бухоршаванда аз рӯи (2) ва ГОСТ 11812 амалӣ мегардад.
6.5. Муайянсозии ҳиссаи умумии равған аз рӯи замимаи Б, бо усули ҳисобрасӣ сурат мегирад.
6.6. Муайян кардани ҳиссаи умумии омехтаҳои беравған аз рӯи ГОСТ 5481 ба роҳ монда мешавад.
6.7. Муайянсозии кафк (намунаи босифат) аз рӯи ГОСТ 5480 ба амал меояд.
6.8. Муайян намудани ҳарорати гудозиш аз рӯи ГОСТ 976 ҷараён мегирад.
6.9. Омодасозии намунаҳо барои муайян кардани унсурҳои заҳрнок аз рӯи ГОСТ 26929 амалӣ мегардад.
6.10. Муайян кардани унсурҳои заҳрнок:
сурб – аз рӯи ГОСТ 26932, ГОСТ 30178, ГОСТ 30538;
марги муш (арсен) – аз рӯи ГОСТ 26930, ГОСТ 30538;
кадми – аз рӯи ГОСТ 26933, ГОСТ 30178, ГОСТ 30538;
симоб – аз рӯи ГОСТ 26927;
мис – аз рӯи ГОСТ 30178, ГОСТ 30538;
оҳан – аз рӯи ГОСТ 30178, ГОСТ 30538.
6.11. Муайянсозии радионуклидҳо аз рӯи ҳуҷҷати меъёрии дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
6.12. Муайян кардани пеститсидҳо аз рӯи ҳуҷҷати меъёрӣ ва усулҳои дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
6.13. Муайянсозии таркибҳои кислотаи чарб аз рӯи ГОСТ 30623, ГОСТ 30418, замимаи А амалӣ мегардад.
6.14. Муайянсозии дараҷаи баланди туршшавӣ (перекис) аз рӯи ГОСТ 26593 ба амал меояд.
6.15. Муайян намудани дараҷаи кислотанокӣ аз рӯи ГОСТ 5476 амалӣ мегардад.
6.16. Муайянсозии дараҷаи йоднокӣ аз рӯи ГОСТ 5475 ба роҳ монда мешавад.
6.17. Миқдори ҳиссаи умумии триглитсеридҳои сахт аз рӯи ГОСТ 976 сурат мегирад.
6.18. Муайянсозии рангият аз рӯи ГОСТ 5477 амалӣ мешавад.
6.19. Муайянсозии ҳиссаи умумии моддаҳои фосфордор аз рӯи ҳуҷҷати меъёрӣ ва усулҳои дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
6.20. Муайян кардани ҳиссаи умумии трансизомерҳои кислотаи чарб аз рӯи ҳуҷҷати меъёрӣ ва усулҳои дар қаламрави давлатҳои қабулнамудаи стандарт амалкунанда ба амал бароварда мешавад.
7. Интиқол ва нигоҳдорӣ
7.1. Равғани нахл бо ҳама намуди нақлиёт мутобиқ ба талаботи стандарти мазкур ва шароити шартнома ба таҳвили маҳсулот интиқол дода мешавад.
7.2. Ҳангоми интиқоли қуттиҳои равғани нахл тавассути воситаҳои нақлиёти болокушода бояд онҳо аз боришоти атмосферӣ ва аз нурҳои офтоб муҳофизат карда шаванд. Интиқоли қуттиҳо, зарфҳо аз маводи полимерӣ бо равғани нахл дар автофургонҳо (нақлиёти боркаш), вагонҳои универсалии пӯшонидашудаи роҳи оҳан, контейнерҳо бо ғунҷоиши бисёртоннагӣ ва миёнаҳаҷм бе таҷҳизоти махсуси хунуккунӣ анҷом дода мешавад.
7.3. Равғани нахли моеъ тавассути танк-контейнерҳо, зарфҳои (систернаҳои) нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, ки аз пӯлоди зангногир барои маҳсулоти ғизоӣ бо қабат ба қабат гузоштани нитроген омода гардида, истифодаашон тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст, интиқол дода мешавад. Зарфҳо барои интиқоли равғани нахл бояд бо таҷҳизоти пасткунандаи моеъ, сохтори гармидиҳӣ ва сарпӯшҳои махкамшавандаи мустахкам муҷаҳҳаз гардида бошанд.
7.4. Систернаҳои интиқолии роҳи оҳан барои интиқоли равғани нахл бояд бо қолибҳои хосаи навиштаҷот ва овезаҳои маълумотдиҳанда таъмин карда шаванд.
7.5. Танк-контейнерҳо, зарфҳои калони фулӯзии (систернаҳои) нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти роҳи оҳан барои интиқоли равғани нахл бояд аз боқимондаҳои пештар нигоҳдоришудаи дохилашон тавассути буғронӣ, шустан ва хушк намудан бодиққат тоза карда шаванд ва асбобҳои бандубасти ҷумакҳою сарпӯши онҳо бояд бо муҳри қурғошимӣ сурғуч (пломба) карда шавад.
7.6. Интиқоли равғани нахл дар танк-контейнерҳо, систернаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, ки пештар тавассути онҳо борҳои хавфнок ва ғайрихӯрокворӣ интиқол ёфта буданд, иҷозат дода намешавад.
7.7. Равғани нахлро то рехташавӣ (то шакли моеъ) ба танк-контейнерҳо, ва зарфҳои калони фулӯзии (систернаҳои) нақлиёти автомобилию роҳи оҳан дар зарфҳои пӯшидаи аз пӯлоди зангногир барои маҳсулоти ғизоӣ бо қабат-қабат гузоштани нитроген омодагардида, ки истифодаашон тибқи тартиби муқарраршуда иҷозат дода шудааст, нигоҳ медоранд.
7.8. Бо насос (тулумба) кашида гирифтани равғани нахл тавассути таҷҳизоти алоқаманде ба амал оварда мешавад, ки аз пӯлоди зангногир барои маҳсулоти ғизоӣ омода карда, истифодааш тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст,
7.9. Нигоҳдории равғани нахл дар амборҳои умумӣ якҷоя бо маҳсулоти дорои бӯйи хосаи тезу тунд иҷозат дода намешавад.
7.10. Шароити нигоҳдории равғани нахл бояд амнияти маҳсулот ва мутобиқати онро ба талаботи стандарти мазкур таъмин намояд.
7.11. Муҳлати истифода ва шароити нигоҳдории равғани нахл аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар карда мешавад.
Замимаи А (ҳатмӣ)
Таркиби кислотаҳои чарб ва ҳиссаи умумии триглитсеридҳои сахт дар равғани нахли тозакардаи хушбӯйгардонидашуда барои саноати хӯрокворӣ
Замимаи А
(ҳатмӣ)
А.1 Таркиби кислотаҳои чарби равғани нахл
Таркиби кислотаҳои чарби равғани нахл дар ҷадвали А.1 оварда шудааст.
Ҷадвали А.1
Номгӯи кислотаҳои чарб
|
Ҳиссаи умумии кислотаҳои чарб (%, нисбат ба ҷамъи кислотаҳои чарб)
|
С12:0 |
0,1 0,4 |
С14:0 |
0,5 2,0
|
С16:0 |
39,0 46,8 |
С16:1 |
На зиёда аз 0,6 |
С18:0 |
3,5 – 6,0 |
С18:1 |
36,7 – 43,0 |
С18:1 ивазшаанда |
≤ 1 |
С18:2 |
6,5 – 12,0 |
С18:3 |
На зиёда аз 0,5 |
С20:0 |
На зиёда аз 1,0 |
Муайян намудани таркиби кислотаҳои чарб аз рӯи ГОСТ 304 18 ба амал оварда мешавад.
А.2 Ҳиссаи умумии триглитсеридҳои сахти равғани нахл
Ҳиссаи умумии триглитсеридҳои сахти равғани нахл дар ҷадвали А.2 нишон дода шудааст.
Ҷадвали А.2
Ҳарорат, 0 С |
Ҳиссаи умумии триглитсеридҳои сахт % |
10 |
45,0 – 60,8 |
15 |
33,4 – 50,8 |
20 |
20,0 – 31,3 |
25 |
12,1 – 20,7 |
30 |
6,1 – 14,3 |
35 |
3,5 – 11,7 |
Замимаи Б (маълумотӣ)
Ҳисобрасии арзиши нерӯӣ (энергетикӣ)
Замимаи Б
(маълумотӣ)
Арзиши нерӯии (энергетикии) равғани нахл АН, ккал/100 гр аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
АН = 9(100 – W),
ки
9 – коэффитсенти арзиши нерӯӣ (энергетикӣ) барои равған, ккал/гр;
W – ҳаҷми умумии рутубатнокӣ ва моддаҳои бухоршаванда, %, аз рӯи (2) ё ГОСТ 11812;
(100 – W) – ҳаҷми умумии равған (чарб), ки тавассути усули ҳисобрасӣ муайян гардидааст.
Адабиёти истифодашуда
[1] ИСО
780:1997*
Упаковка. Пиктограммы, применяемые для погрузочно-
разгрузочных работ
________________
* Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва хориҷии дар матн зикргардида, ки онҳоро тавассути муроҷиат бо Хадамоти дастгирии корбарон дарёфт кардан мумкин аст.
Эзоҳи омодасозандаи пойгоҳи маълумотӣ.
[2] ИСО
662:1998
Животные и растительные жиры и масла.
Определение содержания влаги и летучих веществ
[3] ИСО
3960:2007
Жиры и масла животные и растительные. Определение
пероксидного числа. Йодометрическое (визуальное)
определение по конечной точке
734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16.
КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон