Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Таҷлили Иди Меҳргон, фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ

FB IMG 1634638763477

     Санаи 17 октябри соли 2021 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе Иди Меҳргон  дар якҷоягӣ бо фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

   Ёдовар мешавем, ки дар ин иди мазкур Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода М.А., Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р, муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумитаҳо иштирок доштанд.

   Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ меҳнати дастранҷи худ-маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро пешкаши иштирокдорону меҳмонон ва сокинон пойтахт гардониданд.

   Нахуст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. иштирокдорони намоишро ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, сипас меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати олии кишвар аз намоиши иштирокдорон дидан намуда, ба меҳнати дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон зикр намуданд: “Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем. Меҳргон ҷашни тирамоҳи сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила  ба пайванди инсон ва табиат  арҷ мегузоштанд.” Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ва кишоварзони мамлакат аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

        

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон