
Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаурети мукофотҳои давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ ва Раиси Кумитаи бехатарии озуқавори Камолзода Фарҳод Воҳид баргузор гардид. Дар оғози ҷамъомад Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни Забони давлатӣ табрик намуда, суханро ба Гулназар Келдӣ доданд.
Муаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ баъди сухани табрикотӣ, аз нақши таърихии забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўшду такаммули забони давлатӣ ва таърихи қабули суруди миллӣ суханронӣ карданд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ба суолҳои сершумори кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Камолзода Фарҳод Воҳид ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва рўшду нумўи он дар оянда ҳар як фарди тоҷик масъулият дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ба забони давлатӣ арҷгузорӣ намуда, дар покизагии он саҳмгузор бошем.