Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ “ШИКАСТИ ФИТНА” ДАР КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   28 майи соли 2022 Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо иштироки раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, муовинони раис, сардорони шуъбаву бахшҳои Кумита  филми “Шикасти фитна”-ро, ки ҳадафу мақсадҳои нопоки ташкилкунандаҳои нооромиҳои рӯзҳои 14 -18 майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба амаломадаро бо далелҳои раднашаванда исбот кард, тамашо намуданд.Баъди тамошои дастаҷамъонаи филми “Шикасти фитна” раиси Кумита сухан намуда иброз доштанд, ки мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри ин неъмати бузург сулҳу ваҳдат, ки бо қиммати гарон ва заҳмати зиёд ба даст омадааст расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.Тамошои филми “Шикасти фитна” ҳар як инсони соҳибақлу бохирадро водор менамояд, ки аз ин аъмоли афроди хиёнатпеша огоҳ бошанд.

rohbarmajlis

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа