Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ташрифи роҳбарияти “Созмони аврупоӣ ва баҳримиеназаминии карантин ва ҳифзи растаниҳо” ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

vokhurifarnsuz

    Санаи 8-уми июли соли 2022 дар бинои маъмурии Кумитаи бехатари озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода М.У ва Роҳбари “Созмони  аврупоӣ ва баҳримиеназаминии  карантин ва ҳифзи растаниҳо” Нико Ҳорн баргузор гардид.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, баъди суханронии Раиси Кумита, ки аз ҷумла самти фаъолияти Кумитаро дар бар гирифт сухан ба роҳбари “Созмони  аврупоӣ ва баҳримиеназаминии  карантин ва ҳифзи растаниҳо” Нико Ҳорн дода шуд, ки доир ба фаъолияти Созмон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Сомзмони мазкур дар Фаронса таъсис дода шуда айни замон 52-то давлати ҷаҳон аъзои ин Созмони бонуфӯз мебошанд.Инчунин Роҳбари Созмони  аврупоӣ ва баҳримиеназаминии  карантин ва ҳифзи растаниҳо Нико Ҳорн аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва ҳамкории дуҷониба дар оянда даъват ба амал овард, ки то ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзои 53-юми ин Созмон гардад

   Дар охир Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Файзуллозода М.У. бори дигар ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки  дархости “Созмони  аврупоӣ ва баҳримиеназаминии  карантин ва ҳифзи растаниҳо” ро баррасӣ менамоем ва аз хулосааш дар муҳлати кутоҳтарин ба котиботи Созмон хабар медиҳем.

 

Раёсати робитаҳои байналмилалии

 Кумитаи бехатарии озуқавории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон