Ҷустуҷу ва пайдо кардани роҳи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар кишвар.
Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфиренсияи илми-амалӣ бо иштироки олимону мутахасисони соҳа доир ба «Тадбиқи чорабиниҳои зидди эпизоотии бемориҳои зоонозӣ ва тадбири пешгирии онҳо» дар кишвар, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш олимону мутахасисиони соҳа дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла вазъи эпизоотӣ, чораҷӯи ва ҳаллӣ онҳо, назорати воридот ва таъмини бехатрии озуқаворӣ, ҳамкории олимон барои мусоидат дар муътадил нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ ва истифодаи навовариҳо дар тадбиқи чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкилотҳои соҳавӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.