Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ
Санаи 16 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба “футболи хурд” байни кормандони вазорату идораҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Боиси қайдаст, ки мусобиқи мазкур тули се моҳ буд, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дошту зиёда аз 21 дастаи вазорату идораҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд. Баргузории ин мусобиқаи варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федерасияи футболи кишвар дар заминаи иҷрои босифати дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020 баён доштанд ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2020, №254400 (26.6) баргузориии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футболи хурд, волейбол (мардон ва бонувон), тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот байни кормандони вазорату идораҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардонид дар натиҷаи интиҳои бозиҳо дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯи намуди футболи хурд аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, барои гирифтани ҷои ифтихорӣ бо сипосномаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон