Вазъи эпизоотӣ дар кишвар муътадил ва фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотии Мақомоти бехатарии озуқаворӣ назарас аст.
Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 декабри соли 2017, №595 ва Низомномаи худ фаъолияти кориашро ба роҳ монда, баҳри дар амал татбиқ намудани фармону супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ корҳои мушахассеро ба сомон расонида истодааст.Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ яке аз мақомоти ҳудудии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба шумор рафта дар фаъолияти кории худ вазифаҳои муҳими соҳавиро пеш мебарад. Дар Марказ ҳамагӣ 24 нафар мутахассисони соҳавӣ (ғайр аз ҳайати хизматрасон) кор ва фаъолият намуда, инчунин шуъбаҳои эпизоотӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият мекунанд.
Ба зиммаи Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ вазифаҳои зерин вогузор карда шудаанд:
— омӯзиши вазъи эпизоотӣ доир ба бемориҳои сирояткунандаи ҳайвонот ба монанди вабои суму даҳондард, сӯхтанӣ, ҳорӣ, гул, тоун, сиёҳрон, зардпарвин, сил, брутселлёз, тоуни парранда, бемориҳои сирояткунандаи моҳӣ ва занбури асал дар ҷумҳурӣ, муқоиса ва таҳлил намудани ҳисоботҳои байторӣ доир ба бемориҳои номбаршуда ва пешниҳод намудани хулосаҳо ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ;
— ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ пешниҳод намудани фикру таклифҳо ҷиҳати ташкил намудани чорабиниҳо барои бартараф намудани сабабҳои пайдошавӣ, пешгирӣ ва барҳамдиҳии бемориҳои сирояткунанда ва аз ин ҳисоб паст намудани зарари иқтисодӣ ба чорводорони ҷумҳурӣ ҷиҳати талафёбии ҳайвоноти кишоварзӣ ва парранда аз бемориҳои сирояткунанда;
— назорати риояи чораҳои карантинӣ ва дигар тадбирҳо доир ба муҳофизати иншоотҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ дар нуқтаҳои аҳолинишин, чарогоҳҳо, обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ аз воридшавии барангезадагони касалиҳои сирояткунанда, инчунин риояи қоидаҳои байторию беҳдоштӣ дар мавриди рондан ва кашонидани ҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулотҳои аз ҳайвонот истеҳсолшаванда;
— бо тартиби муайяншуда ташкил кардан ва гузаронидани санҷишҳои (ташхисҳои) комиссионӣ нисбати бемориҳои брутселлёз ва сили чорвои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои чорводорӣ новобаста аз шакли моликият, саривақт ҷудо намудани чорвои мубталои беморӣ аз саршумори умумӣ ва минбаъд ба гӯшт супоридан;
— ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мавриди сафарҳои хизматӣ дар Марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба масъалаҳои мубориза ва пешгирӣ бар зидди бемориҳои сирояткунандаи чорво ва парранда тибқи талаботҳои байторӣ;
— дар мувофиқа бо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ доир ба баланд бардоштани таҷрибаи тахассусии мутахассисони байторӣ доир ба касалиҳои сирояткунандаи чорво ва парранда:
— расонидани ёрии таҷрибавӣ ва машваратӣ ба ташкилотҳои дар соҳаи байторӣ ва чорводорӣ машғулбуда доир ба масъалаҳои ба ваколатҳои онҳо дахлдошта.
— дар муҳлатҳои муқарраргардида дархост намудан ба мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ҷиҳати харидории ваксинаҳо, маводҳои ташхисӣ (реактивҳо, рангҳо, диагностикумҳо) маводҳои химиёвӣ ва безараргардонӣ бар зидди барангезандаҳои бемориҳои сироятии ҳайвонот аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи буҷети давлатӣ ва минбаъд тақсим намудани маводҳои зикргардида ба шаҳру ноҳияҳо барои муътадил нигоҳдоштани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ.
Бояд қайд намуд, ки солимии шаҳрвандон ва муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотии кишвар ба гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда алалхусус эмгузаронии саривақтӣ ва ҳатмии ҳайвонот вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз кормандони Марказ дар якҷоягӣ бо дигар мутахасисони ташкилотҳои зертобеъи Кумита барои омӯзиши вазъи эпизоотии бемориҳои сироятии ҳайвонот, оид ба ташкил намудани чораҳои бартарафсозии оқибатҳои сарзадани бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддиэпизоотӣ чораҳои тахирнопазир андешида истодаанд.
Дар 8 моҳи соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ маводҳои биологии байтории зерин ба маблағи умумии 1689584,4 сомонӣ харидорӣ карда шудаанд, аз ҷумла ваксинаи сӯхтанӣ 2500000 воя, ваксинаи вабои сумдард 100490 воя, ваксинаи брутселлёз (Рев-1) 200000 воя, ваксинаи брутселлёз (Шт-82) 10000 воя, ваксинаи гули ЧМШ 500000 воя, ваксинаи тоуни парранда (Шт-Н) 300000 воя, ваксинаи ҳорӣ (ТС-80) 185000 воя, ваксинаи тоуни ЧМШ 300000 воя, маводи аллергении туберкулин 100000 воя, маводҳои ташхисии бемориҳои брутселлёз ва ҳорӣ. То санаи 1.09.2020 сол маводҳои биологии: ваксинаи сӯхтанӣ 1651650 воя, вабои сумдард 100000 воя, ваксинаи Рев-1 200000 воя, ваксинаи ШТ-82 10000 воя, ваксинаи гули ЧМШ 464500 воя, ваксинаи тоуни парранда 295000 воя, ваксинаи ҳорӣ (ТС-80) 184700 воя, ваксинаи тоуни ЧМШ 269000 воя, маводи аллергении туберкулин 91750 воя тибқи рӯйхати тасдиқшуда ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои саривақт гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддиэпизоотӣ дастрас карда шудаанд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумита ба маблағи умумии 528350,0 сомонӣ маводҳои зерин, аз ҷумла 5000 литр маводи безараргардонии маҳлули формалин, 100 литр спирти этилӣ, 690 дона халат, 1000 дона пахта, 100000 дона сузандоруи 2 гр., 50000 дона сузандоруи 5 гр., 50000 дона сузандоруи 10 гр., 100000 дона сузани хунгирӣ, 40000 воя ваксина бар зидди сиёҳрони ЧКШ харидори карда шуда, тибқи рӯйхати тақсимот ва дархости Марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин муддат мутахассиони Маркази ҷумҳуривии зиддиэпизоотӣ тибқи хабарҳои фаврии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ нисбати бемориҳои махсусан хавфнок барои ҳайвонот ва инсон ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои сар задани бемориҳо, ташкил намудани чорабиниҳои карантинӣ ва зиддиэпизоотӣ дар сафарҳои хизматӣ қарор дошта, дар иҷроиши чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ кӯмаки амалии худро расонидаанд.
Бояд иброз намуд, ки дар 8 моҳи соли 2020 дар байни 10994435 сар ҳайвоноту парранда чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2640809 сар ҳайвоноту парранда зиёд мебошад. Инчунин, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва инвазионии ҳайвонот дар иншоотҳои чорводорӣ 1829700 метри квадратӣ корҳои безараргардонӣ (дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия) гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1397400 метри квадратӣ зиёд мебошад.
Кормандони Марказ дар давраи ҳисоботи барои санҷиш ва таҳлили фаъолияти кории Марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати аниқ намудани вазъи эпизоотӣ, ташкил намудани корҳои пешгирикунандаи зиддиэпизоотӣ 163 рӯз дар сафари хизматӣ қарор доштанд.
Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дар асоси нақшаи корӣ фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, баҳри муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотию эпидемиологии ҷумҳурӣ дар доираи риояи санадҳои меъёрию ҳуқукӣ ва имкониятҳои мавҷуда тамоми чораҳоро меандешад.
Маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ.