Вохури бо намояндагони Бонки рушди Осиё
Рӯзи 15-уми декабри соли 2022 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Файзуллозода М. У, бо намояндагони Дафтари минтақавии Осиёи Марказии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот Мерке Тайтубаев, собиқ Роҳбари намояндагии минтақавии Созмони умуми ҷаҳонии солимии ҳайвонот дар Аврупо,собиқ роҳбари мақомоти ветенринарии Ҷумҳрии Литва Казимирас Лукаускас, Намояндагони Бонки рушди Осиё иқтисодчӣ оид ба савдо Лорели де Диос, Роҳбари барнома – мутахассис оид рушди иниститутсионалӣ ва иқтидор – Айкен Тафгар баргузор гардид.
Намояндагони Бонки Рушди Осиё, ва барои таҷҳизонидани ташхисгоҳҳо омодагии худро иброз намуданд, то Лоҳияҳои беҳбудбахшидан дар самти бехатарии озуқаворӣ пешниҳод намудаанд, иқтисодчии Бонки рушди Осиё оид ба савдо Лорели де Диос,то Лоҳияи ҳамкорӣ омода карда шавад ва дар доираи имконотҳои худ Бонки Осиё рушди баъди омӯзиш метавонад ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак намояд.
Намояндагони Дафтари минтақавии Осиёи Марказии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, низ барои ҳамкории дуҷониба ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда омодагии худро иброз доштанд. Зимни мулоқот тарафҳо аз омодагии дуҷониба ҷиҳати ҳамкории судманд ибрози назар карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама Созмонҳо ва Ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияташон ба бехтари озуқаворӣ равона гардида аст, ҳамкории судманд дорад. Дар охир раиси Кумита меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории бисёрҷониба бо Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот ва Бонки Рушди Осиёи омодагии ҷониби хешро баён дошт.