Вохурии кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон.
Санаи 3 марти соли 2020, мулоқоти навбатии кормандони Раёсати байторию зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Корпаратсия байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти ҳамоиш намояндагони Кумита бо ҳайати Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷумла ангур, зардолу, меваи хушк, лимон, пиёз, сабзӣ ва ба содирот равона намудани онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар вохурӣ намояндаи Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Лиан Мониг масъалаи вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ба содирот равона намудани онҳоро мавриди муҳокима қарор дода, зикр намуд, ки ҳангоми сафари корияш ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз сардхонаҳое, ки дар онҳо маҳсулоти озуқаворӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд дидан намудааст.
Аз ин рӯ доир ба ташкил ва барасмиятдарории анборхона, сардхона ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар онҳо ва дар самти тадбиқи корҳои назоратӣ омодаи ҳамкориянд.