Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ВОХУРИИ НАВБАТИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

vokhuri korupsiya

 

       Санаи 10 апрели соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он   баргузор гардид.

     Зимни баргузории ҳамоиш намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон МаҷидӣАбдукарим оид ба мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби аср, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр ёфтанд баромад намуда, баён доштанд, ки бояд тамои хизматчиёни давлатӣ хушёрию зиракиро аз даст надода,  дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии омилҳои коррупсионӣ фаъол бошанд, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми нерую ғайратӣ худро равона созанд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ

ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.