Вохурии навбатии намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санаи 3 марти соли 2020 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳ ва натиҷагирӣ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баргузории ҳамоиш намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода доир ба мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтанд баромад намуда, баён доштанд, ки бояд тамои хизматчиёни давлатӣ хушёрию зиракиро аз даст надода, дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии омилҳои коррупсионӣ фаъол бошанд ва барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми нерую ғайратӣ худро равона созанд.